Бале ин аст, фарҷому оқибати шогирдони Қуръон. Парвардигорро моро аз зумраи онон бигардон! Омин!

Аммо гурӯҳи ашрору фуҷҷор, вақте дар синни булуғ ба қасри ин олам по ниҳоданд, ҳама далилҳои ваҳдониятро бо куфр посух доданд. Ва дар баробари тамоми неъматҳо ношукрӣ карданд ва ҳама мавҷудотро ба беарзишӣ мутаҳам кардаву бо куфру кофириашон таҳқир намуданд, ва ба хотири радду инкори таҷалиёти ҳама асмои Илоҳӣ дар замони  кӯтоҳ ҷинояти басо бузурге муртакиб шуданд ва мустаҳиққи азоби абадӣ гардиданд. Бале, сармояи умр ва имконоту аъзо ва ҳиссиёти инсонӣ ба ин далел ба инсон дода шудааст, ки вазифаҳои мазкурро анҷом диҳад.

 

Пас эй нафси саргардон! Ва эй дӯсти фирефтаи хоҳишоти нафсонӣ! Оё фикр, мекунед, вазифаи зиндагиатон фақат инаст, ки бо гироиш ба маданияту шеваи тарбияти он, тамоюлоти нафсонии худро бароварда созед, гуфтани он дур аз адаб аст, яъне вақти худро танҳо сарфи шаҳвату фараҷу шикам парастӣ кунед? Ё фикр мекунед, ки ин ҳама латоифи зарифу маънавиёт ва аъзову ҷиҳозоти ҳассосу ҷавориҳу таҷҳизоти пешрафта ва ҳавоссу ҳиссиёти кунҷков фақат ба ин далел дар дастгоҳи вуҷудатон насб шуда ва танҳо ҳадаф инаст, ки дар ин ҳаёти фонӣ ҳавасҳои норавои нафси разилро бароварда созед? ҳаргиз ва абадан! Балки ҳадафи офариниш аз гунҷонидани ин абзору таҷҳизот дар ниҳоду фитрататон ба ду асос устувор аст: