Ба ин манзур, қасри бузургу васеъ ва мӯҳташамеро сохт, ва ба як шакли зебо ин қасрро дар ошёнаҳо ва утоқҳои ҷудогона бино кард, ҳар табақаро бо ҷавоҳирот ороиш дод ва  бо латифтарин ва зеботарин осори санъаташ зиннат бахшид, бо зарифтарин фанҳои илму ҳикматаш назму тартиб дод ва бо осори мӯъҷизавори дониши худ муҷаҳҳаз кард. Пас аз такмили қаср, сафарҳои рангинеро дар он густариш дод ва аз анвоъи ғизоҳову неъматҳояш лазизтарин навъи онро рӯйи суфра гузошт ва барои ҳар гурӯҳ суфраи хоссу муносибе ихтисос дод, ба ин тариқ чунон меҳмони бузургу умумии тадорук дид, ки баёнгари саховату тавонгарии ӯ дар санъат буд, гуё ҳар суфра бо намоиши неъматҳои бо арзишу бешуморе пур аз садҳо осору намунаҳои санъати печидаву дақиқи ӯ буд.

Сипас аҳолӣ ва раъияти худро аз саросари мамлакаташ ба тафриҳу тамошо ва меҳмонӣ фаро хонд, ва ба яке аз ёварони паёмрасонаш асрору ҳикматҳои қаср ва маънову мафҳуми мазмуни печидаи онро омӯзонд ва ӯро ба унвони устоду муарриф баргузид, то ки созандаи қасри Сонеъ, мазуни қасри онро ба раъияташ бишиносонад ва рамзҳоеро, ки дар нақшу нигорҳои қаср нуҳуфта аст ба онон бифаҳмонад ва ҳадафҳову ишороти санъатҳои даруни онро ба дигарон биомузонад ва ба ононе, ки дохили қаср ҳастанд бифаҳмонад, ки мафҳуми ҷавоҳироти ороста ва нақшҳои мавзуни қаср чист? ва чигуна ба камолу маҳорат ва ҳунари соҳиби қаср далолат дорад ва одоби духул ва расму оини қаср ва шеваҳои барпо доштани маросими ташрифотро ба гунае ба мардум таълим диҳад, ки ризоияти подшоҳро ки аз дида пинҳон аст ҷалб кунад.