Аввал: Бо мушоҳидаи осоре, ки ба сурати муомилаи ғаёбӣ, худро дар ҷойгоҳи тамошогарони маҳосини салтанати Рубубият ёфтанд. Аз ин рӯ бо гӯфтани “Аллоҳу Акбар” вазифаи такбиру тасбиҳро адо намуданд.

Дуюм: Бо дидани худ дар мақоми муаррифу таблиғгари осори дарахшону навовариҳои парвардигор, ки ба манзилаи ҷилваҳои асмои қудсии Илоҳист “Субҳоналлоҳи ва-л ҳамдулиллоҳ” гӯфтанд, ва вазифаи тақдису таҳмидро анҷом доданд.

Сеюм: Қарор гирифтан дар мақоми идроки неъматҳое, ки дар ганҷинаҳои раҳмати Илоҳӣ захира шудааст ва пас аз чашидани онҳо бо ҳаввоси зоҳириву ботинӣ вазифаи шукргузориву ситоиши Парвардигорро оғоз намуданд.

Чорум: Дар мақоми маърифату шинохтан, бо санҷиши меъёрҳои маънавӣ, ҷавоҳири ганҷҳои асмои Илоҳиро санҷида, ба вазифаи танзиҳу мадҳ пардохтанд.