Сипас бо қабули тавҳиду тасдиқи он Султони азалу абад, дар муқобили эълони салтанати Рубубият изҳори ваҳдонияти Султон дар тамоми коинот سَمِعْنَاوَاَطَعْنَا гуфтанду таслим шуданд ва итоат карданд.

 

Саранҷом бо убудият, ки баёнгари аҷз ҳамроҳ бо заъфу фақр ҳамроҳ бо ниёз аст ва бо намоз, ки хулосаи аз ҷамъи ибодатҳост, посухи худро ба изҳори улуҳияти он Раббу-л оламин эълон доштанд.

 

Бад-ин тариқ, бо анҷом додани чунин вазифаҳову ибодатҳои гуногун, фаризаи умр ва вазифаи ҳаёташонро дар ин масҷиди бузурги мавсум ба дори дунё адо намуданд, то ин, ки сурати “Аҳсани тақвим”-ро ба худ гирифтанд, ва ба мақоми “Ашрафи махлуқот” ноил шуданд, зеро бо баракати нерӯи имону амн ва амонате ки дар сиришташон ба вадиъа гузошта шудааст, халифаи амини рӯйи замин шуданд.

 

Пас аз ин ки аз майдони касби таҷрубаву майдони имтиҳон сарбаланд берун омаданд, Парвардигори Карим онҳоро ба подоши имонашон ба сӯйи саодати абадӣ даъват мекунад ва ба подоши исломияташон ба доруссалом фаро мехонад, ва онҳоро бо неъматҳои мавриди лутфу икром қарор медиҳад ва қарор додааст, ки на чашме монанди онро дидааст ва на гӯше васфи онро шунида ва на ба қалби башар омадааст, шомили раҳмати Парвардигор шудаанд, ва ба ҷовидонагию абадияту бақо расиданд, чун он дилдодае, ки муштоқона ҷамоли абадиро тамошо мекунад, ва ошиқе, ки ҳамчун оинае онро инъикос медиҳад, ҳатман бояд пойдор бимонад ва ба абад биравад.