Панҷум: Бо гом ниҳодан дар мақоми мутолиакунандаи мактуботи Раббонӣ, ки бо қалами қудраташ рӯйи сафҳаи қадар навишта шудааст, ба вазифаи тафаккуру таҳсин пардохтанд.

Шашум: Дар мақоми танзиҳу мадҳ, бо тамошои зарофату зебоиҳои дилрабои мавҷуд дар офариниши мавҷудот ва санъати маснуъот, вазифаи муҳаббату иштиёқ ба Фотири Зулҷалолу Сонеъи Зулҷамол онро адо карданд.

Бад-ин тариқ, баъд аз мушоҳидаи коинот ва осори мавҷуд дар он ва баъд аз ин, ки бандагӣ ва ибодати худро ба сурати муомилаи ғайбӣ анҷом доданд, ин вазифаҳоро дар мақомҳои мазкур адо карданд, ба дараҷаи тамошои аъмолу афъоли Сонеъи Ҳаким ва мушоҳидаи он муомила намуданд ва ба сурати муомилаи ҳузури нахуст бо маърифати саршор аз ҳайрату шигифтзада аз таърифи Холиқи Зулҷалол бо нишон додани муъҷизоти санъаташ аз худ ба аҳли шуур ироя медиҳад, истиқбол намуданд ва гӯфтанд: سُبْحَانَكَ مَاعَرَفْنَاكَ حَقَّ مَعْرِفَتِكَ Бале “мӯъҷизоти мавҷуда дар ҳамаи махлуқотат, муаррифи зоти волои туанд”.