Ҳафтум: Маърифату шинохти сифоти мутлақ ва шууни муқаддаси Холиқи Зулҷалол бо тарозуи илм, қудрат ва иродае, ки ба миқдори ҷузъӣ ба ҳаётат додашудааст, яъне истифода аз онҳо ба унвони намунаҳои хурду воҳиди қиёсӣ ҷиҳати шинохти сифоти мутлақи Холиқи Зулҷалол.

Масалан: Ҳамон гуна, ки тӯ бо истифода аз қудрат, иродаву илми ҷузъият ин хонаро бо назму диққати комил бино намудаӣ, бо дидани азамати сохтмони қасри олам ва низоми пешрафтаву мустаҳками он бо муқоисаи бузургии он ду, бояд бидонӣ, ки созандаи ин олам низ, ба ҳамон андоза Зоти бисер Қадир, Алим Ҳакиму Мудаббир мебошад.

 

Ҳаштум: Фаҳмидани суханони маънавии ҳар яке аз мавҷудоти олам, ки суханони махсус ба худ дар мавриди ваҳдонияти Холиқ ва рубубияти Сонеъаш изҳор медорад.

 

 Нӯҳум: Пай бурдан ба дараҷаҳои таҷалиёти қудрати илоҳӣ ва ғинои Раббонӣ, бо тарозуи аҷз, заъф, фақр ва эҳтиёҷатро дарк кардан аст. Чӣ тавре, ки фаҳмидани лаззат, дараҷоту навъи ғизо ба миқдори гуруснагиву ба мизони ниёз бастагӣ дорад, ҳамон тартиб ту низ бояд бо аҷзу фақри бепоёнат ба дараҷоти қудрату сарвати бепоёни илоҳӣ пай бубарӣ. Пас ин нӯҳ маврид ва амсоли он, хулосае аз ҳадафҳои зиндагиат мебошад.

 

Акнун ба моҳияти хаётат бингар, ки хулосаи он иборат аст аз:

 

Феҳристи шигифтиҳое, ки ба асмои ҳуснои илоҳӣ ихтисос дорад ва миқёси хурде барои шинохти шууну сифоти илоҳист ва мизону тарозуе барои оламҳои дар коинот вуҷуд дорад ва листи мундариҷоти ин олами бузург ва харитаи ин коиноти паҳновару хулосаи ин китоби бузурги ҳастӣ, ва дастаи калиде барои кушодани ганҷҳои пинҳони қудрат, ва аҳсани тақвиме барои камолоте, ки дар мавҷудоти пароканда ва дар паҳнои замон овезон мебошад, пас моҳияти ҳаётат умурест аз ин қабил.

Аммо сурати ҳаётат  ва вазифаи он ба қарори зер аст: