Сипас дар оинаҳои мавҷудоти мутағайири рӯйи коинот Ҷамолу Ҷалол ва Камолу Кибриёи Парвардигорро диданду баробари он бо гӯфтани اَللّٰهُ اَكْبَر  бо аҷз омехта бо таъзим ба рукӯъ рафтанд ва бо муҳаббату фурӯтаниву фано, шигифтзадаву мутаҳайир сар ба саҷда ниҳоданд.

 

Сипас бо изҳори фақру ҳоҷоти худ бо дуову ниёз ба пешвози Ғании Мутлақе рафтанд, ки сарвати бепоёну раҳмати фарогирашро дар пеши чашми ҳамагон намоён мекунаду фарёди وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ сар доданд.

 

Сипас бо дидани саҳнаҳои намоиши Сонеъи Зулҷалол ки латофату зарофат, зебоӣ ва фавқулода будани санъаташро дар маърази диди ҳамагон қарор дода аст, бо гуфтани “Чи зебо офарида шудааст” маротиби тақдиру таҳсини хешро иброз намуда ва бо мушоҳидаи ин ҳама зебоиҳо بَارَكَ اللّٰهُ гӯфта, ва бо гӯфтани آمَنَّا шаҳодат доданду шигифтзада фарёд бароварданд: “Биёед бубинед” ва бонги حَىَّ عَلَى الْفَلاَحِ сар доданд ва гуфтанд: “Бубинед ва гувоҳ бошед.”