Рисолаи Рамазон

 

Аз ҳикматҳои бешуморе, ки моҳи Шарифи Рамазон дорост, танҳо нўҳ нуқтаи онро баён мекунад.

 

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِى اُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَ بَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَ الْفُرْقَانِ

 

 

НУҚТАИ ЯКУМ

 

Савм дар Моҳи Шарифи Рамазон аз рукнҳои хамсаи Ислом буда, инчунин аз шиорҳои бузургтарини Исломӣ ба шумор меравад.

Рўзаи моҳи Шарифи Рамазон дорои ҳикматҳои фаровонест, аз ҷумла: ба Рубубияти Ҷаноби Ҳақ, ҳам ба ҳаёти иҷтимоии инсон, ҳам ба ҳаёти шахсии инсон, ҳам ба тарбияи нафс, инчунин ба изҳори шукр ва ба неъматҳои Илоҳӣ равона карда шудаанд.

Аз нуқтаи назари Рубубияти Ҷаноби Ҳақ , яке аз ҳикматҳои рўза чунин аст:

Ҷаноби Ҳақ, рўйи заминро як намуд дастархон офарида ва дар ин дастархон тамоми анвоъи неъматҳоро ба гунае чун: مِنْ حَيْثُ لاَ يَحْتَسِبُ ҷой карда, бо ин тариқ мехоҳад камоли Рубубият, раҳмоният ва раҳимияти худро нишон диҳад. Инсонҳо бошанд, дар зери пардаи ғафлат ва зери таъсири сабабҳо қарор дошта, наметавонанд пурра ҳақиқатро, бидонанд, баъзан фаромўш мекунанд.

Аммо дар моҳи Шарифи Рамазон, имондорон мунтазамона ба монанди қушуни муташаккили ҳарбӣ табдил меёбанд. Ба мисли онҳое, ки ба зиёфати Султони Азалӣ пеш аз шом махсус даъват шудаанд, гўё интизори амри «Марҳамат намоед!» ҳастанд, бо ин таври убудияткорона нишон медиҳанд, нисбати чунин шафқат ва ҳашамат ва куллияти Раҳмоният, бо як ибодати бовусъат ва боазамату боинтизоми худ муқобила мекунанд. Аҷабо, инсонҳое ки ба чунин ибодати олӣ ва зиёфати пурифтихор ҳамроҳ нашудаанд, оё лоиқ ҳастанд, ки онҳоро инсон номид?!

 

 

 

 

 

НУҚТАИ ДУЮМ

 

Аз нуқтаи назари шукргузорӣ ба неъматҳои Ҷаноби Ҳақ, як ҳикмате аз ҳикматҳои савм, дар Моҳи Мубораки Рамазон  чунин аст:

Чи тавре, ки дар «Гуфтори Якум» гуфта шуд, нозу неъматҳои овардашудаи фурушанда аз ошпазхонаи подшоҳ, музди муайянеро талаб мекунад. Бар ивази онҳо ба савдогар музди ночизеро додан, он неъматҳои пурарзишро ночиз ба назар мерасонад, ба монанди эътироф накардани он шахсе, ки онҳоро ҳадя кардааст бениҳоят аҳмақист. Айнан ҳаминтавр Ҷаноби Ҳақ дар рўи замин анвоъи неъматҳоро барои навъи башар шинондааст, бар ивази музди он неъматҳо, шукр мехоҳад. Ба он асбоб ва асҳоби зоҳирии он неъматҳо, ки дар ҳукми савдогаранд, ба он савдогар як навъ музд медиҳем, миннатдории худро баён намуда, ҳатто аз ҳад зиёд ҳурмат ва ташаккур менамоем, ки онҳо мустаҳақ нестанд. Аммо, Мунъими Ҳақиқӣ, аз он сабабҳо дида, тавассути он неъматҳо ба дараҷае беандоза лоиқи шукр мебошад.

Бинобар ин, ба Ў танҳо бо дарк намудани он, ки ҳамаи неъматҳо бевосита аз тарафи Ў меоянд, инчунин бо донистани арзиши он неъматҳо ва бо эҳсоси эҳтиёҷи худ нисбати он неъматҳо, шукргузорӣ кардан мумкин аст.

Ҳамин тавр, рўза дар моҳи Шарифи Рамазон калиди шукри ҳақиқӣ ва холис, боазамат ва умумӣ мебошад. Чунки, дар дигар вақтҳо бисёри инсонҳо зери маҷбурияти рўза қарор надоранд, гуруснагии ҳақиқиро ҳис накарда арзишмандии бисёри неъматҳоро дарк намекунанд. Ба инсонҳои сер, хусусан сарватмандон, дараҷаи неъмате, ки дар пораи нони хушк мавҷуд аст, намефаҳмад. Аммо, он пораи нони хушк аз назари шахси имондор дар вақти ифтор, як неъмати арзишноки Илоҳӣ мебошад, ки қувваи зоиқаи ў шаҳодат медиҳад. Ҳар касе, ки набошад аз подшоҳ сар карда то фуқаро, арзишҳои он неъматҳоро дар Моҳи Рамазон фаҳмида, ба як навъ шукри маънавӣ лоиқ мегардад.

Ҳам аз ҷиҳати мамнунияти хўрдани таъоми рўзона: «Ин неъматҳо молу мулки ман нестанд. Ман дар тановули инҳо ҳур нестам; маълум мешавад, ки онҳо молу инъоми каси дигар мебошанд. Ман амри Ўро интизор мешавам» гуфта, дар неъмат – неъмати аслиро дарк мекунад. Ҳамин тавр, як шукри маънавӣ мекунад.

Бинобар ин, ин намуди рўза аз бисёр ҷиҳат, дар ҳукми калиди шукр мегардад, ки ин вазифаи ҳақиқии инсон мебошад.

 

НУҚТАИ СЕЮМ

 

Як ҳикмате аз ҳикматҳои бешумори рўза аз нигоҳи ҳаёти иҷтимоии инсон инаст ки: инсонҳо аз ҷиҳати маъишат, мухталифи халқ шудаанд. Ҷаноби Ҳақ бинобар ин ихтилоф, сарватмандонро барои муованат ба фуқаро даъват мекунад. Зеро, сарватмандон пурра ҳолати машақати гуруснагии онҳоро, танҳо ба воситаи гуруснагии рўза эҳсос мекунанд.

Агар рўза набошад, он вақт сарватмандони бисёри нафспараст ёфт мешуд, ки ҳамин тавр наметавонистанд дарк кунанд, ки то чӣ дараҷа гуруснагӣ ва фақирӣ азоб аст ва то чӣ андоза онҳо ба шафқат мўҳтоҷ ҳастанд. Аз ин ҷиҳат, шафқати инсон нисбат ба ҳамҷинси худ, асоси як навъи шукри ҳақиқист. Ҳар фард, метавонад фақиртареро нисбат ба худ пайдо кунад ва мукаллаф аст, ки нисбати Ў шафқат дошта бошад.

Инсон ки ба воситаи шафқат ба муованат мукаллаф аст, агар нафс ба гуруснашинӣ маҷбур намешуд, онгоҳ, эҳсон ва ёрдам намекард; кунад ҳам, нопурра хоҳад шуд, чунки ў ҳақиқатан дар нафси худ он ҳолатро эҳсос намекард.

 

НУҚТАИ ЧАҲОРУМ

 

Аз нуқтаи назари тарбияи нафс, яке аз ҳикматҳои бешумори рўза дар Моҳи Шарифи Рамазон инаст ки:

Нафс мехоҳад, ки озод ва мустақил бошад, маҳз худро ҳамин тавр қабул мекунад. Ҳатто, бо табиати худ орзуи рубубияти мавҳумро дорад ва кайфу сафо амал намояд. Вай дар бораи неъматҳои беҳисобе, ки бо онҳо тарбия шудааст, намехоҳад андеша кунад. Хусусан, агар вай дар ҳаёти дунявӣ сарвату иқтидор дошта бошад, илова бар ин, агар ғофилию бепарвоӣ ўро дастгирӣ намояд, дар ин сурат ҳамчун ҳайвон пурраю яклухт, ҳарисона неъматҳои Илоҳиро ғосибона монанди ҳайвон фурў мебарад.

Ҳамин тавр, дар моҳи Шарифи Рамазон, нафси ҳар як инсон, аз сарватманд сар карда то фақир пай мебарад, ки вай молик нест, мамлук аст, ҳур нест, абд аст. Ҳам мефаҳмад, ки агар хости Худо набошад вай ҳатто ягон кори оддию соддаро анҷом дода наметавонад; дасташро ба об ҳам дароз карда наметавонад, рубубияти тахайюлии ў мешиканад ва либоси итоатро пўшида ба шукргузорӣ рў меорад, ки вазифаи ҳақиқии ўст.

 

НУҚТАИ ПАНҶУМ

 

Рўзаи моҳи Шарифи Рамазон, ки назар ба таҳзиби ахлоқи нафс ва ўро маҷбур месозад, ки аз саркашӣ даст кашад, яке аз ҳикматҳои бешумори рўза инаст ки:

Нафси инсонӣ аз рўи ғафлат худро фаромўш мекунад, аҷзи беканор, фақирии бепоён ва камбудиҳои бузурги дар ў ҷойдоштаро намебинад ва дидан ҳам намехоҳад. Вай дар бораи он ки ў чи гуна заъиф, мубталои марг аст ва нишоне барои бадбахтиҳо мебошад, дар бораи он ки танҳо аз гўшту устухонҳои тезвайроншавандаю шикананда иборат аст, андеша намекунад. Мисли он ки вуҷуди аз пулод доштабошад, худро лоямутона ва абадӣ тахаюл намуда, ба дунё худро андохта, гўё ки ҳастии устувор дошта бошад ва бо як ҳирс ва тамаъи шадид, ҳамчунон бо муҳаббат ва алоқаи баланд ба дунё, саъю кўшиш менамояд. Бо ҳар гуна чизҳои лаззатдиҳанда ва манфиатовар баста мешавад. Холиқи худро, ки бо камоли шафқат ўро тарбия кардааст, фаромўш мекунад. Ҳам, натиҷаи ин ҳаёт ва ҳаёти ухравиро фикр накарда, ба ахлоқҳои бадсифат гирифтор мешавад.

Ҳамин тавр, рўза дар моҳи Шарифи Рамазон ҳатто ба ғофилону мутамарридон, эҳсос намудани заифӣ ва оҷизӣ ва фақирии худашонро мефаҳмонад. Ба воситаи гуруснагӣ дар бораи меъдаи худ фикр мекунад, талаботҳои ўро мефаҳмад ва дарк мекунад, ки то чӣ андоза вуҷуди заифи ў номустаҳкам мебошад, сарфаҳм меравад, ки то чӣ дараҷа ў ба марҳамату шафқат мўҳтоҷ аст. Инсон, мағрурии фиръавнонаи нафсро яксў гузошта, дар оҷизӣ ва фақирии комил хоҳиши муроҷиат намудан ба даргоҳи Илоҳиро эҳсос менамояд ва бо дасти маънавии шукргузорона, ба задани дари раҳмат омода мешавад. Албатта агар гумроҳӣ қалби ўро сиёҳ накарда бошад…

 

НУҚТАИ ШАШУМ

 

Сиёми моҳи Шарифи Рамазон ба нозил шудани Қуръони Ҳаким рабт дорад, модоме ки моҳи Шарифи Рамазон замони муҳимтарини нузули Қуръон мебошад, яке аз ҳикматҳои рўза инаст ки:

Қуръони Ҳаким модоме, ки дар шаҳри Рамазон нузул шудааст, маҳз бо тасаввур намудани замони нузули ин Қуръон, барои он ки ин паёми осмониро хуб пешвоз гирифта шавад, дар моҳи Шарифи Рамазон зарур аст, ки аз ҳоҷоти суфлии нафс ва аз ҳолоти молояънӣ ҷудо шуда, аклу шурбро тарк карда, ба малоикҳо шабоҳат пайдо намояд, ҳамин тавр Қуръонро гўш карда ва хонда, мисле ки он худи ҳозир фиристода шуда бошад ва хитоботи Илоҳии дар он ҷойдоштаро ҳамин тавр гўш карда, ки гўё айни нузулаш аст ва ҳамин тавр бояд гўш андохта, эҳсос мекунад он хитобро гўё аз Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) мешунавад, балки аз Ҳазрати Ҷабраил, балки аз Мутакаллими Азалӣ шунидаистода бошад ва сазовори як навъи ҳолати қудсӣ мешавад. Худаш тарҷумакунандаи Ў шуда, ба гўш кардан дигаронро барангезонад ва ба як дараҷае ҳикмати нозил гаштани Қуръонро дар ин моҳ нишон бидиҳад.

Бале, дар моҳи Шарифи Рамазон олами Ислом ба мисли як масҷиде табдил меёбад, ба як масҷиде, ки милёнҳо қорӣ дар ҳамаи кунҷҳои ин масҷиди акбар ин Қуръон – ин хитоби самовиро ба ҳама сокинони Арз мешунавонанд. Инчунин, ҳар Рамазон дар як шакли равшану тобон ин оятро намоиш медиҳад: شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِى اُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ Ҳам исбот менамояд, ки Рамазон моҳи Қуръон аст. Баъзеи аъзоёни ин ҷамъияти бузург бо хушҳолона ба ин ҳофизони Қуръон гўш андохта, баъзеи дигарашон бошад, худашон машғули қироат мешаванд.

Инчунин, ба мисле ки то чӣ андоза бад аст дар ин масҷиди муқаддас, дар ҳузури ин гуна вазъият қарор дошта бошию ба майлу ҳавасҳои суфлии нафс тобиъ шавӣ, аз ин вазъияти нуронӣ бо таъому об баромадан чӣ қадар чиркин бошад, то чӣ дараҷа ин ҳадафи нафрати ҷамъияти маънавӣ дар ин масҷид ҳузур дошта мегардад, айнан ҳамин тавр, бо аҳли сиём дар моҳи Шарифи Рамазон ҳамроҳнашудагон ба ҳамин дараҷа, ҳадафи нафрати маънавии тамоми олами Ислом мегарданд.

 

НУҚТАИ ҲАФТУМ

 

Аз нуқтаи назари ҷамъоварии неъматҳо аз тарафи навъи инсон, ки ба ин дунё барои зироат ва тиҷорати охират омадааст, яке аз ҳикматҳои бешумори сиёми Рамазон инаст ки:

Дар моҳи Шарифи Рамазон савоби амал аз як ба ҳазор мерасад. Мувофиқи (насси ҳадис) ҳар як ҳарфи хондашудаи Қуръони Ҳаким даҳ савоб ва даҳ ҳасана дорад, инчунин даҳ меваи биҳиштиро дарбар дорад. Дар моҳи Шарифи Рамазон бошад, на ин ки даҳ савоб, балки ҳазор савоб мешавад; ва дар ин гуна оятҳо, ҳамчун, «Оят ал-Курсӣ» ҳазорҳо савоб аст ва савоби он дар рўзҳои ҷумъаи моҳи Шарифи Рамазон бошад, боз ҳам бисёртар. Дар Шаби Қадр бошад, сӣ ҳазор ҳасана ҳисобида мешавад!

Бале, Қуръони Ҳаким, ки бар ивази ҳар як ҳарфаш сӣ ҳазор меваҳои абадӣ медиҳад, ба шаҷараи нуронии Тубо шабоҳад дошта, барои имондорон дар моҳи Шарифи Рамазон имконият медиҳад, ки миллионҳо меваҳои абадӣ фоида ба даст биёранд. Пас биёву ба ин тиҷорати қудсӣ, абадӣ,  фоидабахш назар кун, бо диққат нигоҳ кун, андеша намо ва бифаҳм: Чӣ қадар дар хасорати бепоён мемонанд онҳое, ки аҳамиятнокии ин ҳарфҳоро қадр накрданд!

Ҳамин тавр, моҳи Шарифи Рамазон барои намоишгоҳи фоидаовар, мисли бозорест барои тиҷорати ухравӣ. Ҳам барои ҳосилоти ухравӣ, як замини серҳосил, инчунин моҳи баҳорӣ, барои нашъунамои аъмол аст. Ин моҳ ба худ симои идонаи қудсиро барои намоиши убудияти башарият, дар назди Салтанати Рубубияти Илоҳӣ мегирад. Барои он ки инсон ба ғафлат ва дар ин гуна эҳтиёҷҳои ҳайвонӣ ба монанди, хўроку об, инчунин ба иштиҳои молояънӣ ва ҳавопарастона ғарқ нашавад вазифаи ў нигоҳдории рўза шудааст. Гўё, аз ҳолати ҳайвонӣ муваққатан баромада ба ҳолати малакутӣ дохил шуда, ё инки машғули тиҷорати охират гаштаву муваққатан эҳтиёҷоти дунявии худро яксў монда, ба тасвири як одами ухравӣ даромада ва ҷисман дар тасвири як рўҳе зоҳир шуда, бо савми худ, то як навъе ба мисли оина сифати Самадиятро инъикос мекунад.

Ҳамин тавр, моҳи Шарифи Рамазон дар ин дунёи фонӣ, дар ин умри фонию ҳаёти кўтоҳ, дохил намудани ҳаёти дарозу умри абадиро медиҳад ва дарёфт мекунонад.

Бинобар ҳамин, танҳо Рамазон имконияти ба даст овардани самараи ҳаёти ҳаштодсоларо медиҳад. Насси қатъии ин гуфтаҳо, Қуръон мебошад, дар он овардашуда, ки Шаби Қадр аз ҳазор моҳ беҳ аст.

Ба монанди он, ки як подшоҳ дар муддати салтанати худ, ҳар сол баъзе рўзҳоро ид эълон мекунад; ё соли ба тахт омадани худро, ё инки рўзи дигареро барои ифоданамоии бо шукўҳии ҷилваи салтанати худ. Дар ин рўз, на дар доираи қонунҳои асосӣ, балки ў зердастонашро мукофот медиҳад, ҳам халқи арзандаю бо садоқати худро бо мукофотҳо ва ҳузури шахсии худ бе парда, бо илтифоти хосси худ, бо иҷроъоти фавқулода ва хайрхоҳии ғайриодии бевоситаи худ сарфароз мегардонад.

Ба ҳамин монанд, Султони Азалу Абад, Подшоҳи Зулҷалоли ҳаждаҳ ҳазори олам, дар моҳи Шарифи Рамазон Қуръони Ҳакимро нозил кард, ки фармони олишаъни худи ўст, ба он ҳаждаҳ ҳазор олам таалуқ ва нигаронида шудааст.

Султони Азал ва Абаде, ки Подшоҳи Зулҷалоли ҳажда ҳазори олам мебошад, Қуръони Ҳакимро дар моҳи Шарифи Рамазон нозил кард, Қуръони Ҳакиме ки як фармони олишаън аст ва назар ба онҳо дорад. Албатта муқтазои ҳикмат аст, ки Рамазон, симои махсуси иди Илоҳиро пайдо карда, ки як навъ намоишгоҳи машҳари Раббонӣ ва як маҷлиси рўҳонӣ мебошад. Модоме, ки Рамазон ид мебошад, пас албатта, барои он ки то як дараҷае инсонҳоро аз машғулиятҳои суфлию ҳайвонӣ канор бубарад, ба онҳо фармон шудааст, ки рўзаро ба ҷо биёранд.

Мукаммалии ин рўза бошад: Ҳамаи ҳиссиёту ҷиҳозоти инсонӣ, ба монанди чашму гўш, қалб, тахайюлоту андешаҳои ў, монанди меъда, барои гирифтани як навъ рўза водор месозад. Яъне, аз муҳаррамот, аз молояънӣ, худдорӣ карда, ҳар яки онҳоро ба убудияти махсус водор месозад.

Масалан: Забонро ба воситаи гирифтани рўза, аз фиреб, ғайбату бадлафзӣ дур сохта, ин лисонро барои ин гуна корҳо, ба монанди қироати Қуръон, зикр, тасбеҳ, салавот ва истиғфор машғул кунад…

Масалан: Чашмҳоро аз нигоҳи пасти одамони номаҳрам ва гўшҳоро аз бадлафзиҳо манъ карда, чашмҳоро ба мисолҳои ибратбахш, гўшҳоро барои суханони дуруст ва шунидани Қуръон истифода барад. Ба монанди ин, боқимонда аъзоҳои инсониро барои баҷооварии рўзаи махсус водор созад. Зотан меъда, ки аз ҳама фабрикаи азим ба ҳисоб меравад, агар бо рўза фаъолияти онро боз дорем, он вақт дигар дастгоҳҳои хурди ин фабрикаро барои пайгирии он тобеъ сохтан осон мегардад.

 

 

 

НУҚТАИ ҲАШТУМ

 

Яке аз ҳикматҳои зиёди моҳи Шарифи Рамазон аз нигоҳи ҳаёти шахсии инсон инаст ки:

Барои инсон аз ҳама муҳимтарин як навъи дорў – ин худдории моддию маънавӣ, парҳез мебошад. Аз нуқтаи назари тиб; нафси инсон бо хурдану нўшидани кайф бахшидан ба саломатии моддии худ зарар мерасонад, инчунин байни ғизоҳои ҳалол ва ҳаром фарқ нагузошта, чизе ки зери даст афтад ғасб карда, одатан вай ҳаёти рўҳонии худро заҳролуд месозад. Ҳам ба ин гуна нафс, итоат кардан ба қалб ва рўҳ душвор мегардад. Пеш аз ин ки инсон савори нафс шавад вай лаҷомро саркашона ба даст гирифта, ба инсон савор мешавад.

Дар моҳи Шарифи Рамазон, ба воситаи рўза, нафс як навъи парҳезиро унс гирифта, ба риёзат одат мекунад ва ба амрҳо пайравӣ карданро меомўзад. Меъдаи бечораю заифро пеш аз ҳазм бо таъом аз болои таъом пур накарда ва дар худ бемориҳоро ҷалб намекунад. Ба воситаи амрҳо вай ҳатто аз чизҳои ҷоиз ҳам даст мекашад, то инки худро аз ҳаром парҳез намуда, қобилияти итоат намуданро ба фармонҳое, ки аз ақл ва Шариъат бар меояд, пайдо мекунад. Ҳамчунон, кушиш мекунад, ки ҳаёти маънавии худро вайрон насозад.

Ҳам, аксарияти мутлақи инсоният тез-тез ба гуруснагӣ мубтало мешаванд. Баҳри сабру таҳаммул, онҳо ба гуруснагию парҳезкорӣ иҳтиёҷ доранд. Рўза дар моҳи Шарифи Рамазон ба муддати понздаҳ соат, бе таъоми пеш аз субҳ бошад – бисту чор соат давом дорад, ба сабр ва таҳаммул ва ба як риёзат, одат намуда ва идмон мебошад. Ин аз он далолат медиҳад, ки рўза як навъ даво аз бесабрию бетаҳаммулӣ мебошад, ки онҳо мусибати инсониро дучанд месозанд.

Ҳам, дар он фабрикаи меъда, ходимони зиёде ҳастанд. Боз ҷиҳозоти зиёди инсонӣ ҳаст, ки бо он робита доранд. Пас агар нафс рўзона, дар муддати як моҳ фаъолияташро мавқуф нагузорад, он гоҳ, ҳамон узвҳову хизматчиёни он фабрика ибодати асосии худашонро фаромўш ва онҳоро ба худ машғул карда, зери ҳокимияти худ мегирифт. Узвҳои боқимондаи инсониятро бошад, бо дуди механизмҳои он фабрикаи маънавӣ, мушаваш месохт. Пайваста диққати онҳоро ба худ ҷалб мекард. Муваққатан сабаб мешуд, то ки онҳо вазифаҳои олии худашонро фаромўш кунанд. Бинобар ин, аз давраҳои қадим, аҳли вилоят барои такоммул ёфтан, ба таъому ошомидании кам, худро одат мекунонданд.

Танҳо моҳи Шарифи Рамазон, ходимони он фабрика дарк мекунанд, ки онҳо танҳо барои ин фабрика офарида нашудаанд. Ҳамчунин, соири узвҳо бо ҳамроҳӣ лаззатҳои суфлии он фабрика дар моҳи Шарифи Рамазон аз лаззатҳои малакутию маънавӣ, ҳаловат мебаранд ва ба онҳо диққати худро равона месозанд. Барои ҳамин, дар моҳи Шарифи Рамазон диндорон вобаста аз дараҷаи инкишофи маънавиёташон сазовори нуру файз ва сурури гуногуни маънавӣ, мегарданд. Ба воситаи рўза дар ин моҳи муборак, барои латоиф мисли қалб ва рўҳ, ақл ва сирр, тараққиёт ва файзҳои фаровоне дорад. Онҳо маъсумона ба муқобили гиряҳои меъда механданд.

 

НУҚТАИ НЎҲУМ

 

Яке аз ҳикматҳои рўзаи моҳи Шарифи Рамазон аз нуқтаи назари шикастани рубубияти мавҳум ва бо шикастани нафс ва аҷзу нотавонии ў убудиятро меомўзад ва маълумотдиҳӣ оиди зарурияти рўза инаст:

Нафс, Раббашро шинохтан намехоҳад, Фиръавнона худро рубубият мехоҳад. Ба кадом азобҳое, ў дучор гардад, ин хислат дар вай боқӣ мемонад ва танҳо бо гуруснагӣ ин хислаташ шикаста мешавад.

Ҳамин тавр, рўзаи моҳи Шарифи Рамазон бевосита ба ҷабҳаи Фиръавнонаи нафс зарба зада ва ўро мешиканад, аҷзашро, заъфашро, фақрашро нишон дода, ба вай мефаҳмонад, ки ў абд аст.

Дар ҳадис омадааст: Ҷаноби Ҳақ аз нафс пурсид:

«Ман ки ҳастам ва ту кистӣ?»

Нафс ҷавоб дод: «Ман – ин манам, Ту – ин Туӣ!»

ўро ба азобҳо гирифтор карда, ба ҷаҳаннам партофт, баъдан боз пурсид. Боз нафс ҷавоб дод: «Ана-ана, анта-анта!»

Ба кадом азобҳое, ки ўро гирифтор мекард, аз аноният вай рўй намегардонд. Баъдан ўро гурусна гузошт. Боз пурсид: «Ман ана ва мо анта?»

Нафс ҷавоб дод: «اَنْتَ رَبِّى الرَّحِيمُ وَاَنَا عَبْدُكَ الْعَاجِزُ»

            Яъне; “Ту Рабби Раҳими манӣ, ман бошам як абди оҷизи Туям…”

اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَى سَيِّدِنَا مُحَمَّدٍ صَلاَةً تَكُونُ لَكَ رِضَاءً وَ لِحَقِّهِ اَدَاءً بِعَدَدِ ثَوَابِ قِرَائَةِ حُرُوفِ الْقُرْآنِ فِى شَهْرِ رَمَضَانَ وَ عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ وَ سَلِّمْ

سُبْحَانَ رَبِّكَ رَبِّ الْعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ وَسَلاَمٌ عَلَى الْمُرْسَلِينَ وَ الْحَمْدُ لِلّٰهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ آمِينَ

 

* * *

 

Эътизор

Аз сабаби он, ки ин китобча дар муддати чил дақиқа навишта шуда буд, аз баски ман ва ёрдамчие, ки ин сиёҳнависро навишт, ҳардуямон бемор будем. Бинобар ин, дар он баъзе камбудиҳою печдарпечиҳо метавонанд ҷой дошта бошанд. Аз бародарони худ интизорем, ки онҳо бо назари нармдилона онро нигоҳ кунанд ва он чие, ки онҳо зарур меҳисобанд, метавонанд ислоҳ намоянд.

 

 

بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

اَلسَّلَامُ عَلَيْكُمْ وَ رَحْمَةُ اللّٰهِ وَ بَرَكَاتُهُ

Бародарони азиз ва сиддиқам!

Аввало: Шаби Барат ва фароррасидани моҳи мубораки Рамазонро ба шумо табрик гуфта аз Ҷаноби Ҳақ мехоҳам атои шаби Қадрро барои мо ва шумо беш аз ҳазор моҳи бо хайркунда ва инчунин вориди дафтари аъмоламон намояд. Мо ният кардем то абад, чунин дуо кунем: “ اَللّٰهُمَّ اجْعَلْ لَيْلَةَ قَدْرِنَا فٖى هٰذَا الرَّمَضَانَ خَيْرًا مِنْ اَلْفِ شَهْرٍ لَنَا وَ لِطَلَبَةِ الرَّسَائِلِ النُّورِ الصَّادِقٖينَ .”

Ҳамчунин ирсоли ду Қуръони муҷизона тавассути шумо дар ин моҳҳои муборак, Иншоаллоҳ чунон мадори баракот, савоб, ҳасанот ва футӯҳот аст, ки аз раҳмати Илоҳӣ масулияте дорем ҳар рӯзи ин моҳи Рамазон ҳукми як шаби қадрро бар имон дошата бошад.

Мо то ин вақт тадбир кардем, ки ҳар яке аз талабаҳои хоссӣ Рисолаи Нур дар инҷо, ҷузъе аз ду Қуръони мазкурро ҳамроҳ бо шумо қироат кунанд, то дар ҳар рӯзи моҳи Рамазон як бор Қуръонро хатм карда бошем. Аз раҳмати Ҷаноби Ҳақ масулият дорем, тавфиқ диҳад дар маҷлиси маънавӣ ва бисёр густурда, дар доирае, ки Испарто ва Кастамонро дарбар мегирад талабҳои Рисолаи Нур ҳалқаҳое ташкил диҳанд; шумо дар маркази он доира бошед ва шогирдони Рисолаи Нур дар атрофи шумо ва монанди маросими хатми Қуръон дар миёни Нақшабандиҳо амал кунед. Албатта аз онҷое, ки шумораи шогирдони Рисолаи Нур зиёд аст, дар миқёси бузург ва ба лиҳози маъно дар ҳама ҷо ҳузур доранд, умедвор ҳастам дар доирае, ки гуфтем ҳозир бошанд ва қироат бо ин тасаввур анҷом шавад ва маросими муқаддаси хатми Қуръон ба ин сурат амалӣ гардад.