ГУФТОРИ БИСТУ СЕЮМ

(Ин гуфтор аз ду боб иборат аст)

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ1

لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ فِي أَحْسَنِ تَقْوِيمٍ (*) ثُمَّ رَدَدْنَاهُ أَسْفَلَ سَافِلِينَ (*) إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ2

Боби аввал

Аз ҳазорон зебоиҳои имон танҳо панҷтояшро

дар панҷ нукта баён мекунем.

НУКТАИ АВВАЛ

Инсон бо нури имон ба баландиҳои инсоният мебарояд ва манзалату арҷи лоиқи биҳиштро ба даст меорад. Ва торикии куфру беимонии ӯро ба қаъри асфали софилин сарнагун месозад ва ба вазъияте дучор мешавад, ки аҳли дӯзахро сазост. Чунки, имон инсонро бо Сонеъи Зулҷалолаш пайванд мекунад. Имон ин як интисоб аст. Бад-ин василаи инсон ба эътибори санъати Илоҳӣ ва нақшҳои номҳои Раббонӣ, ки тавассути имон дар ӯ намоён шудаанд, арзиши волое ба даст меорад. Аммо, беимонӣ ва куфр ин робита ва пайвандро қатъ месозад. Қатъ шудани робита санъати Илоҳиро пинҳон мекунад ва қадру қимати инсон бошад танҳо ба модда (ҷисми моддӣ) баробар мешавад. Аммо, модда ҳеҷ арзише надорад, чунки он ҳамчун як ҳаёти ҳайвонӣ фонӣ, бебақо ва ҳам муваққатист.

Ин сирро бо як тамсил баён мекунем.

Масалан, маълум аст, ки дар миёни саноеъе, ки бо дасти инсон сохта шудааст, арзиши мавод ва арзиши чизи сохташуда хеле дигаргун мебошад. Баъзан онҳо арзиши баробар доранд ва гоҳо маводи аввалия аз чизи сохташуда қиматтар аст. Баъзан чунин мешавад, ки дар сохтани масолеҳе ки панҷ куруш арзиш дорад, як санъате ки панҷ лира арзиш дорад, сарф шудааст. Ва баъзан ягон санъати ноёб ва бостонӣ арзиши як миллиона пайдо мекунад, дар ҳоле ки масолеҳи он панҷ куруш ҳам арзиш надорад.

Пас, агар чунин санъати ноёб ва бостонӣ дар бозори ашёи антиқа ҳамчун маҳсули кори устои ҳунарманди бостонӣ ба фурӯш гузошта шавад, он метавонад ки ба як миллион фурӯхта шавад. Аммо, агар он чиз дар бозори маҳсулоти оддии оҳангарон ба фурӯш гузошта шавад, онро шояд чун оҳани арзишаш панҷ куруш бихаранд.

Ҳамин тавр, инсон чунин як санъати ноёб ва бостонии Аллоҳ Таъоло аст. Инсон муъҷизаи аз ҳама нозук ва нозанини қудрати Илоҳист. Ба ҳамин сабаб, Худованд инсонро мазҳари ҷилваҳои асмои ҳуснои хеш қарор дода, ӯро чун меҳвари мадори нақшҳои худ офарид ва ӯро дар шакли як намунаи хурди коинот бунёд кард.

Агар нури имон ба инсон ворид шавад, он гоҳ ба шарофати ин нур тамоми нақшу нигорҳои Худовандро, ки бар сафҳаи вуҷуди инсон нақш бастаанд, метавон хонд. Пас, ин шахси мӯъмин ҳам худ бо шуур ва тафаккур онро мехонад ва ҳам ба шарофати ин интисоб, яъне имон онро ба дигарон низ меомӯзад. Яъне, бо фикрҳое чун: “Ман бунёд шуда ва махлуқи Сонеъи Зулҷалол ҳастам, ки ба раҳмат ва карами ӯ мушарраф шудаам” санъати Раббонии нуҳуфта дар инсон тазоҳур меёбад.

Яъне имон, ки иборат аз интисоби Сонеъи Зулҷалол аст, тамоми осори санъати Илоҳии дар инсонбударо намоён мекунад. Инсон арзише чун санъати Раббонӣ ба даст меорад ва соҳиби эътиборе чун оинаи Худованд мегардад. Бинобар ҳамин асос аст, ки ин инсони беаҳамияту ночиз ба шарофати ин эътибор ҳамчун ашрафи махлуқот ва мухотаби Илоҳӣ ва мусофири Раббонии лоиқи Биҳишт мегардад.

Аммо, агар куфр ва беимонии иборат аз қатъи интисоб ба инсон ворид шавад, он гоҳ тамоми нақшҳои маънидори номҳои Илоҳӣ дар торикӣ қарор мегиранд ва хондану фаҳмидани онҳо имконнопазир мегардад. Зеро, агар кас Сонеъро фаромӯш кунад, он вақт ҷиҳатҳои маънавии мутаваҷҷеҳ ба Сонеъро фаҳмида наметавонад. Гӯё, ки ҳама чиз сарозер мешавад. Бисёре аз он санъатҳои олии маънидор ва нақшҳои олии маънавӣ ноаён мешавад. Боқимонда ва баъзеи онҳо, ки бо чашм дида мешаванд, ба асбоби ночиз ва ба табиату тасодуф нисбат дода мешаванд ва ниҳоят тамоман арзиши худро аз даст медиҳанд ва аз байн мераванд. Ҳар яке аз онҳо агар гавҳари дурахшон бошад, ба шишаи хира табдил меёбад. Арзиши онҳо танҳо ҳамчун моддаи ҳайвонӣ муайян мегардад. Мақсад ва моҳияти модда, чӣ тавре дар боло зикр кардем, ин доштани танҳо як ҳаёти маҳдуд ва кӯтоҳ мебошад, ки дар он ҳаёт ӯ оҷизтарин, мӯҳтоҷтарин ва серташвиштарин мавҷуди ҷаҳони зиндааст. Сипас мемирад ва нобуд мегардад.

Ҳамин тариқ, беимонӣ ана ҳамин моҳияти инсониро маҳв мекунад ва ӯро аз алмос ё гавҳар ба ангишт мубаддал месозад.  

НУКТАИ ДУВВУМ          

Имон ҳам нур аст ва ҳам қувват аст. Имон ба инсон имкон медиҳад, то тамоми мактуботи Самадониро, ки дар болои ӯ навишта шудаанд, бихонад. Инчунин, имон коинотро низ равшану дурахшон мекунад. Имон гузашта ва ояндаро аз торикӣ озод мекунад. Ин розро бо таваҷҷӯҳ ба сирри ин ояти карима бо як тамсил баён менамоем:

اَللّٰهُ وَلِىُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ اِلَى النُّو ِر3

Чунин воқеаи хаёлӣ ба назари ман намуд: Ду кӯҳи баланд муқобили ҳам қарор гирифтаанд. Дар болои онҳо кӯпруки калоне сохта шудааст. Дар зери кӯпрук дараи чуқур вуҷуд дорад. Ман дар болои он кӯпрук мебошам. Атроф ҳама ҷо торик ва зери истилои зулмоти шадиде аст.

Ман ба тарафи рости худ нигоҳ кардам ва дар торикӣ қабристони калонеро дидам, яъне чунин тасаввур кардам.

Сипас ба тарафи чапи худ нигоҳ кардам ва гӯё дидам, ки дар қаъри зулмоти мудҳиш бадбахтии бузург – тӯфони азиму балову мусибат дар ҳаракат аст.

Ба поён нигоҳ кардам ва ба ман чунин намуд, ки гӯё як ҷари хеле чуқуреро мебинам. Бар зидди ин зулмоти мудҳиш ман чароғаки кисагие доштаму бас. Ман аз он истифода кардам. Зери нури ночизи он ба атроф нигоҳ кардам ва манзараву вазъияти мудҳише пеши чашмам ҷилвагар шуд. Ҳатто дар саршавии кӯпрук, ки рӯбарӯям буд ва дар атрофи он ба назари ман аждаҳоҳои тарсовар, шерҳо ва дигар ҷонварон намуданд, ки ман ба худ гуфтам: “Кошки ин чароғаки кисагиам намебуд ва ман ин даҳшатҳоро намедидам.” Ба кадом тарафе, ки нури чароғакро равона кардам, маро чунон тарсу даҳшат фаро гирифт. “Эй воҳ! Ин чароғаки дастӣ ҳам балоест ба сарам.” гуфтам. Ман дарғазаб шуда, чароғаки кисагии худро ба замин задам ва шикастам. Гӯё ки дар натиҷаи шикастани он ман тугмаи чароғи бузурги электрикиро, ки тамоми дунёро равшан мекард, пахш кардам ва он зулмоту торикӣ нест шуд. Аз нури он чароғи бузург ҳама ҷо равшан ва пурнур шуд ва он нур ҳақиқати ашёро намоён кард.

Мебинам, ки: Он кӯпруке, ки ман дидам, ин як роҳе дар ҷои бисёр ҳамвори водӣ будааст.

Он гӯристони калоне, ки дар тарафи рости худ дида будам, аз аввал то ба охир боғҳои сабзу зебо будааст, ки дар онҳо ман маҷлисҳои ибодат, хизмат, сӯҳбат ва зикре, ки дар тахти раёсати онҳо инсонҳои нуронӣ нишастаанд, дидам.

Ҷариҳо ва қуллаҳои кӯҳ, ки дар тарафи чап ба назари ман хеле пуршӯру пурталотум намуда буданд, акнун аз дур ман дидам, ки дар пушти кӯҳҳои сабзу хуррам, дилкаш ва ҷозибадор як зиёфатгоҳи азим, ҷои зебое барои сайругашт ва як нузҳатгоҳе мебошад. Ва он ҷонварони ваҳмовар ва аждаҳорҳое  ки ба назарам намуда буданд, ҳайвонҳои хонагӣ ба монанди шутур, гов, рамаҳои бузу гӯсфанд будаанд. Он гоҳ ман اَلْحَمْدُ ِللّٰهِ عَلٰى نوُرِ اْلاِيمَانِ4 (Алҳамдулиллоҳи ъало нурил имон) гуфта ин ояти каримаро:

اَللّٰهُ وَلِىُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ اِلَى النُّو ِر3 хондам ва аз он хоб бедор шудам.

Ҳамин тариқ, он ду кӯҳ яке аввали ҳаёт ва дигаре охири ҳаёт, яъне олами арз ва олами барзах мебошанд.

Он кӯпрук бошад, роҳи ҳаёт аст.

Тарафи рост замони гузашта аст.

Тарафи чап бошад, замони оянда мебошад.

Чароғаки кисагӣ ин ғурур ва худбинии инсонест, ки ба фаҳму дониши худ эътимод дорад ва ба ваҳйи осмонӣ бетаваҷҷӯҳ аст.

Он ҷонварону даррандагони ваҳшӣ бошанд, ҳодисаҳо ва махлуқоти аҷиби дунё мебошанд.

Ҳамин тавр, одами ба ғурури худ эътимод кунанда, ки ба зулмоту ғафлат афтидааст ва ба торикиву гумроҳӣ мубтало шудааст, монанди ҳолати аввалаи ман дар он воқеа буд: ӯ бо мадади чароғаки кисагӣ бо маълумоти ноқис ва залолатолуд замони гузаштаро дар намуди гӯристони калон ва ғарқи зулмоту нестӣ мебинад. Ояндаро бошад, ӯ хеле хатарнок ва тарсовар мебинад, ки ҳама чиз тасодуфӣ рӯй медиҳад.

Ҳар як ҳодиса ва мавҷудоти олам, ки маъмуру мусаххари Ҳакими Раҳими ягона мебошанд, дар ҳукми ҷонвари ваҳшии зиёнкоре дониста мешаванд. Ҳамин тариқ, ғурур ва худбинии инсон, ки танҳо ба ваҳму дониши худ умед мебандад ва ба ваҳйи осмонӣ бетаваҷҷӯҳ аст, ӯро ба ҳолате оварда мерасонанд, ки ояти зерин нишон додааст:

وَالَّذِينَ كَفَرُوا اَوْلِيَاؤُهُمُ الطَّاغُوتُ

5يُخْرِجُونَهُمْ مِنَ النُّورِ اِلَى الظُّلُمَاتِ  

Аммо, агар инсон ҳидояти ИИлоҳиро дарёбад, имон ба дилаш роҳ ёбад, фиръавнияти нафсаш бишканад ва гӯш ба китоби Аллоҳ бидиҳад, он вақт ӯ ба ҳолати дуюми ман дар он воқеа монанд мешавад. Он вақт коинот якбора чун рӯз равшан мешавад ва саршор аз нури Илоҳӣ мегардад. Олам ин оятро мехонад:

اَللّٰهُ نُورُ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ6  

Дар он ҳолат ӯ бо чашми қалбаш мебинад, ки замони гузашта барои инсон танҳо ҳамчун гӯристони калон нест, балки ҷоест дар он гурӯҳҳои ҷонҳои соф, ки дар ҳар як асри гузашта вазифаҳои убудиятро таҳти сарварии як паёмбар ва ё авлиёе адо кардаанд, пас аз анҷомёбии вазифаҳои ҳаётӣ бо нидои اللّٰه أكبر7 ба сӯи мақомоти олӣ парвоз мекунанд ва ба сӯи гузашта ҳаракат мекунанд.

Ба сӯи чап назар мекунад ва бо нури имон дар қафои инқилобҳои барзахӣ ва ухравии монанди кӯҳҳои азим аз дур як зиёфати раҳмониро, ки дар қасрҳои саодати боғҳои биҳишт ороста шудааст, фарқ мекунад. Ва ҳодисаҳое чун тӯфон, зилзила ва ваборо ӯ ҳамчун хизматкорони мусаххари Худованд медонад. Аммо дар воқеаҳое чун борон ва раъду барқи баҳорӣ ӯ мадори ҳикматҳои дар зоҳир зишт вале дар асл нозукро мебинад. Ҳатто маргро ӯ муқаддимаи ҳаёти абадӣ ва қабрро бошад дарвозаи саодати ҷовидон медонад.

Ҷиҳатҳои дигари ин воқеаро худ муқоиса карда, ҳақиқатро бо тамсил татбиқ намо!

НУКТАИ СЕЮМ

Имон ҳам нур аст ва ҳам қудрат. Ҳа, инсоне ки имони ҳақиқӣ дорад, бартар аз ҳамаи коинот мешавад. Бо нерӯи имон ӯ метавонад аз балои ҳодисаҳои гуногун дар амон бимонад ва бо гуфтани ‌تَوَكَّلْتُ عَلَى اللّٰهِ‌  (Таваккалту ъалАллоҳ), дар сафинаи ҳаёт дар байни гирдоби ҳодисаҳои азим бе биму ҳарос сайр кунад. Чунин шахс тамоми вазниниҳои ҳаётро ба қудрати Қодири Мутлақ амонат мегузорад, дар дунё бороҳат зиндагӣ карда, дар дунёи барзах низ ба оромӣ ва осудагӣ мерасад, истироҳат карда сипас, барои ба дунёи саодати абадӣ ворид шудан ба сӯи баландиҳои биҳишт парвоз мекунад. Аммо, агар инсон ба Аллоҳ таваккал накунад, вазниниҳои дунё на танҳо нест намешаванд, балки ӯро ба асфала софилин мефарорад.

Пас, имон тавҳидро, тавҳид таслимро, таслим таваккалро ва таваккал саодати ҳар ду дунёро тақозо мекунад.

Фақат нодуруст нафаҳм. Таваккал ба Аллоҳ маънии онро надорад, ки бояд тамоман сабабҳоро нодида гирифт; балки баръакс, бояд сабабҳоро пардаи дасти қудрати Илоҳӣ донист. Инро чунон мебояд донист, ки муроҷиат ба сабабҳо ин як навъ дуъои феълӣ барои хостани натиҷа танҳо аз Худои Мутаъол аст. Ва бояд донист, ки  натиҷаҳо ҳама аз Аллоҳ бармеоянд ва ба Ӯ шукргузор бояд буд.

Ҳикояти он одаме, ки таваккал мекунад ва он, ки аз таваккал мегурезад, мисли ин қисса аст:

Рӯзгоре ду нафар бар сару китфашон борҳои вазнине зада ва бо таҳияи чипта савори киштии калоне мешаванд. Яке аз он ду нафар вақте по ба киштӣ мегузорад, бору бунаашро ба замин гузошта рӯи он менишинад ва ба атроф менигарад. Нафари дуюм бошад, аз ғуруру аблаҳӣ бору бунаашро ба замин намегузорад. Касе ба ӯ мегӯяд:

“Борҳоятро ба замин бигзор ва роҳат бош.”

Аммо ӯ ҷавоб медиҳад:

“Не! Намехоҳам, ки ин корро бикунам. Шояд борҳоямро аз даст диҳам. Ман нерӯманду тавоноям, метавонам борҳоямро бар сару китфам нигоҳ дошта онҳоро муҳофизат кунам.”

Дубора ба ӯ мегӯянд:

“Ин киштии амн, ки мову шуморо бо худ мебарад, ба подшоҳ тааллуқ дорад ва қудратмандтар аз ҳамаи мост ва беҳтар аз мо метавонад бору бунаамонро ба сарманзили мақсуд бирасонад ва муҳофизат кунад. Шояд сарат чарх занад ва ҳамроҳи борҳоят ба дарё биафтӣ. Ё ки рафта-рафта хаста ва нотавон шавӣ ва ин камари хамида ва он сари бемағзат дер ё зуд аз ҳамли бори сангин оҷиз бимонад. Капитани киштӣ низ агар аз дар дарояд ва туро дар ин ҳолат бубинад, ё девонаат мехонад ва аз киштӣ берун мекунад ва ё гумон мекунад, ки ту хоин ҳастӣ, киштӣ ва ӯро ба бекифоятӣ муттаҳам карда масхара мекунӣ. Ва он вақт, амр ба ҳабсу дастгирии ту медиҳад. Дар ниҳоят ҳама туро масхара хоҳанд кард ва дар назари аҳли диққат бо такаббурат, ки баёнгари заъф ва бо ғурурат, ки баёнгари аҷз ва бо риёкорӣ, ки  нишондиҳандаи худнамоии туст, ангуштнамои ҳамагон мешавӣ ва халқ ба ту механдад.”

Пас аз шунидани ин суханҳо ақли он шахс ба ҷояш омад. Борашро ба замин гузошта рӯи он нишаст ва гуфт:

“Оҳ, Худованд аз ту розӣ бошад, ки аз заҳмату ҳабсу истеҳзо дар амон мондам.”

Пас, эй инсони бе таваккал! Ту ҳам монанди ин одам ақлатро кор фармо ва таваккал кун. То ки аз аҷзу дармондагӣ дар баробари коинот,  аз тарсу ларз дар муқобили ҳаводис, аз риё ва худнамоӣ, аз масхара шудан, аз бадбахтии ухравӣ ва аз фишорҳои зиндагӣ раҳоӣ ёбӣ.

НУКТАИ ЧАҲОРУМ

Имон инсонро инсон мекунад. Ҳатто ӯро ба мақоми сарварӣ ва подшоҳӣ мерасонад. Вазифаи аслии ҳар як инсон имон варзидан ва дуо кардан аст. Аммо куфр инсонро ба як ҳайвони бениҳоят оҷиз табдил медиҳад.  

Аз байни ҳазорон далеле, ки барои исботи ин масъала метавон зикр кард, возеҳтарини онҳо шеваҳои ба дунё омадани инсон ва ҳайвон ва тафовути байни онҳо аст.

Ҳа, он, ки инсон ба сабаби имон инсони ҳақиқӣ мегардад, фарқи ба дунё омадани инсон ва ҳайвон онро нишон медиҳад.

Чунки: Ҳайвон вақте зода мешавад, мисли он ки дар олами дигаре парварда шуда тибқи табиат ва истеъдоди вуҷудиаш ба шакле такмил ёфта ва мукаммал по ба ҷаҳон мегузорад. Ба тавре, ки дар ду соат, ё дар ду рӯз ва ё дар ду моҳ тамоми шароити зиндагиро бар асоси фитрат ва мутаносиб бо тавоноиҳои боқувва ва табиияш ёд гирифта ва омӯхтаҳояш ҷузви малакаи вуҷудиаш мешавад. Қудрати зистан ва маҳоратҳои зиндагиро, ки инсон дар тӯли бист сол ба даст меоварад ва меомӯзад, як гунҷишк ва занбӯри асал дар арзи бист рӯз ба даст оварда ва барояшон илҳом мешавад.

Пас вазифаи аслии ҳайвон ин нест, ки бо касби илму омӯзиш такомул пайдо кунад ва тавассути касби маърифат тараққӣ намояд ва бо изҳори аҷзу заъф аз тариқи дуо худоро ба мададу ёрӣ биталабад. Балки, вазифаи аслии як ҳайвон дар ҳадди қобилияташ рушд кардан, амал кардан ва убудияти феълӣ мебошад.

Аммо инсон бошад, аз рӯзе, ки чашм ба дунё мекушояд, мӯҳтоҷ ба омӯзиши ҳар чизе аст ва ноогоҳ аз қонунҳои зиндагӣ. Ҳатто, то бистсолагӣ низ наметавонад тамоми қонунҳо ва шароити зиндагиро ёд бигирад. Инсон то вопасин рӯзи зиндагӣ ниёзманди омӯхтан аст ва ба шакли бисёр оҷиз ва нотавон ба дунё фиристода шуда ва яке ду сол тӯл мекашад, ки битавонад рӯи пои худ биистад. Дар понздаҳсолагӣ фақат қодир мешавад, ки ба сахтӣ суду зиёни худро ташхис диҳад. Инсон бо зиндагии ҷисмониаш танҳо метавонад нафъеро мутаваҷҷеҳи худ бикунад ва ё зарару зиёнеро аз худ дафъ кунад.

Пас бояд донист, ки вазифаи фитрии инсон дастёбӣ ба камол ва такомул аз тариқи омӯзиш аст ва дастёбӣ ба бандагӣ ва убудият аз тариқи дуост. Яъне бояд бидонад ва аз худ савол кунад, ки “Бо иноят ва раҳмати чӣ касе чунин ҳакимона зиндагиамро идора мекунам? Бо меҳру карами кист, ки чунин мушфиқона ва меҳрубонона тарбият мешавам? Ӯ кист ва соҳиби чӣ вижагиҳое аст, ки манро дар сояи лутфи худ чунин бо нозу неъмат бузург мекунад?” Чунончӣ аз миёни ҳазорон неъмат фақат аз яке ранҷ мебарад ва ба яке аз ҳоҷатҳояш нарасида аст, он вақт аст, ки бояд дасти дуо ба сӯи Қози-ул ҳоҷот дароз кунад ва бо забони аҷзу фақр хостаашро талаб кунад. Яъне бо болҳои аҷзу дармондагӣ ба сӯи мартабаи волои бандагӣ ва убудият парвоз кунад.

Пас, бояд гуфт, ки ҳадаф аз омадани одамӣ ба ин ҷаҳон такомули вай аз тариқи донишу ниёиш аст. Аз диди моҳият ва зот ҳар чизе дар ин дунё вобаста ба илму дониш аст. Манбаъу сарчашма ва рӯҳу нури тамоми донишҳо ва илмҳои ҳақиқӣ маърифати Аллоҳ Таъолост. Асосу пояи он низ имон ба Худост.

Ва ҳам инсон ба хотири аҷзи бениҳоят ва фавқулоддааш ба бадбахтӣ ва бемориҳо гирифтор мешавад ва ҳамеша дар маърази ҳуҷуми балоҳо ва душманон аст. Ба хотири нотавониаш низ ниёзмандиҳои зиёде дорад ва мӯҳтоҷи ёрӣ ва дастгирӣ аст ва ҷуз паноҳ овардан ба вазифаи аслии фитриаш, ки ӯро ба дуову имон даъват мекунад, ҳеҷ чорае надорад. Дуо ва ниёиш аслу асоси бандагист.

Ҳамон сон, ки кӯдакон барои расидан ба хостаашон ва ба даст овардани чизе ё гиря мекунанд ва ё нияти худро бар забон меоваранд. Яъне бо забони аҷз феълан ва ё қавлан (бо рафтор ва гуфтор) дуо мекунанд ва бо дуо ба мақсади худ ноил мешаванд.

Ба ин сабаб низ инсон дар миёни тамоми мавҷудоти ҷондор ба ҳукми як кӯдаки нозук, нозанин ва ноздор аст. Инсон бояд ба даргоҳи Худованди бахшанда ва меҳрубон рӯй оварад ва бо гиря бар аҷзу заъфи худ барои рафъи фақр ва эҳтиёҷоташ дуову ниёиш кунад, то ки ба мақсадҳои худ бирасад ва шукронаи тасхирро  адо кунад. Аммо, агар баъд аз муддате мисли кӯдаки беақлу нодон муддаӣ шавад ва бигӯяд: “Ман бо қудрат ва тавоноиам метавонам бар ҳама чиз тасхир ва истило ёбам ва ҳатто чизҳо ва падидаҳоеро, ки ҳазорон бор аз ман тавонманд буданд, бо фикр ва тадбири худ онҳоро ба зону дар оварам.” Бо ин андеша ӯ дучори куфри неъмат мешавад ва бо ин кирдораш, ки бо фитрати асили инсонӣ дар таззод мебошад, хешро мустаҳақи азоби шадид мекунад.

НУКТАИ ПАНҶУМ

Имон дуоро чун василаи қатъӣ барои расидан ба ҳоҷатҳо медонад ва фитрати инсонӣ низ ба шиддат бар он тамоюл нишон медиҳад.  Ҷаноби Ҳақ Таъоло таъкид мекунад: “Бе зикри дуо ва ниёзаш магар чӣ аҳамияте метавонед дошта бошед?

8قُلْ مَا يَعْبَؤُا بِكُمْ رَبِّى لَوْلاَ دُعَاؤُكُمْ ва низ бо ояти اُدْعُونِى اَسْتَجِبْ لَكُمْ9 яъне, “Бихонед маро то иҷобат кунам шуморо” инсонро ба дуо амр мекунад.

Агар бигӯӣ, ки : “Мо бисёр дуо мекунем ва қабул намешавад. Ҳол он ки, оят умумӣ аст ва умумро мухотаб қарор медиҳад ва маънои онро дорад, ки ҳар дуое ҷавоб дорад.”

Алҷавоб: Ҷавоб додан ба дуо ва қабул шудани дуо аз ҳам фарқ доранд. Барои ҳар дуое ҷавоб дода мешавад, аммо қабул шудани он дуо ва иҷобати матлубаш ба ҳикмати Ҷаноби Ҳақ вобаста аст.

Мисол: Кӯдаки беморе фарёд мезанад:

— “Эй ҳаким! Ба фарёдам бирас.”

Ҳаким “лаббайк” гуфта мепурсад:

— “Чӣ мехоҳӣ?”

Кӯдак мегӯяд:

— “Ин доруро ба ман бидеҳ.”

Ҳаким ё чизеро медиҳад, ки кӯдак мехоҳад ва ё давои беҳтар аз онро медиҳад, ки ба маслиҳату салоҳи бемор аст ва ё ҳеҷ доруе намедиҳад то зараре ба бемор нарасад.

Пас Ҷаноби Ҳақ, ки Ҳакими Мутлақ ва дар ҳама ҷо ҳозиру нозир мебошад, ба дуои бандааш посух медиҳад. Ваҳшат ва даҳшати бекасӣ ва танҳоиро бо ҳузури самимона ва ҷавобе, ки медиҳад ба фазои инс ва дӯстӣ табдил медиҳад. Парвардигор на бар мабнои хостаҳо ва таманноҳои нафсу тобеият аз тамоюлоти ҳаваскоронаи инсон, балки назар ба  иқтизои ҳикмати Раббонии худ ё айни хостаи инсонро ё беҳтар аз онро ба ӯ медиҳад ва ё онро рад намуда чизе намедиҳад.

Дуо навъе аз убудият ва бандагӣ аст. Бандагӣ ҳам ҳамроҳ бо самароти ухравӣ мебошад. Мақсадҳои дунявӣ фақат ёдовари вақти дуоҳо ва ниёишҳо мебошад. Он ҳадафҳои дунявӣ камоли матлуб ва ниҳоӣ нестанд.

Масалан, намоз ва дуо барои талаби борон навъе ибодат аст ва беборонӣ ва хушксолӣ вақти он дуост. Лизо он ибодат ва дуо танҳо барои нузули борон нест. Агар он дуо ва ибодат сирф барои нузули борон бошад, ниёише холисона нест ва лоиқи қабул ва мустаҷоб шудан намебошад.

Ҳамчунон, ки ғуруби офтоб вақти намози мағриб аст ё ҳамон гуна низ вақте моҳу хуршед дучори гирифтагӣ мешавад ин нишонгари вақти хоси намозҳои мартабат бо кусуф ва хусуф аст. Яъне, вақте бо нишонаҳои нуронӣ ниқобе бар чеҳраи рӯзу шаб кашида мешавад ва азамати Илоҳӣ дар мадоре хос намуд пайдо мекунад, он вақт аст, ки Худои Мутаъол бандагонашро ба чунин навъи хосе аз ниёиш даъват мекунад. Ва илло он намозҳо сирф барои раҳоӣ аз падидаҳои кусуф ва хусуф нест, ки мунаҷҷимон ҳисоби дақиқи онро доранд.

Айни он, беборонӣ ва хушксолӣ ҳам эълони вақти намоз барои нузули борон аст. Мусибат, бадбахтӣ ва нохушиҳо вақти намозҳои хос мебошанд, то одамӣ ба аҷзу заъфи худ ошкоро пай бубарад ва бо дуо ва ниёз паноҳ ба даргоҳи Қодири Мутлақ оварда ва аз ӯ наҷот талабад.

Агар бо ин дуо карданҳо ниёзе бароварда нашавад ва ё балое дафъ нагардад, ҳаргиз набояд гуфт: “Дуоҳоямон мустаҷоб нашуд.” Балки бояд гуфт: “Шукри Худо, ки дуо ва ниёиши мо қазо нашуд.”

Агар Ҷаноби Ҳақ бо фазлу карами худ балоеро рафъ кард, нуран ало нур он вақт аст, ки замони дуо ба поён мерасад.

Пас, бояд гуфт, ки дуо розе аз розҳои убудият аст. Бандагӣ ва ибодат бояд холисона ва барои ризои Илоҳӣ бошад. Бо изҳори аҷз ва нотавонӣ бояд фақат паноҳ ба даргоҳи Худо бурд ва аз ӯ наҷот талабид. Бояд ба Раббонияти Худо ва тадбири Илоҳӣ имон дошт ва ҳамаи корҳоро ба ӯ супурд. Ба ҳикмат ва дониши Парвардигор эътимод бояд кард ва аз раҳмати ӯ набояд ноумед шуд.

Бале, ин ҳақиқати ростин аст ва ҳама бо оёти баййинот собит шудааст, ки тамоми мавҷудот забон ва баёни хоси худро барои ҳамду ситоиши Худованд доранд ва ҳар кадом ба тариқи худ дар саҷда ва ниёишанд ва ҳамаи ин дуоҳо аз тариқи коинот аст, ки ба боргоҳи илоҳӣ роҳ меёбад.

Ва ё ба тариқи забонӣ баён мешаванд. Мисли дуои ҳамаи гиёҳҳо ва растаниҳо, ки бо забони махсусе адо шуда ва аз Файёзи Мутлақ шаклу сурати муайянеро металабанд ва лоиқи асмои худ таҷаллӣ ва кашфе тоза мехоҳанд.

Ва ё ки ба забони фитрӣ талаби ҳоҷат мекунанд. Тамоми зӣ ҳаёт ва мавҷудот барои бароварда шудани ҳоҷатҳо ва ҳамаи он чизҳоеро, ки дар ҳавзаи иқтидорашон нест, дуо мекунанд. Ҳар кадом бар асоси ниёзи фитриашон аз бахшандаи мутлақ барои идомаи ҳаёт ва таъмини рӯзии хеш ба шеваи худ чизе мехоҳанд.

Ва ё ба забони изтирор дуое мехонанд. Дуое, ки: Ҳар мавҷуди дармонда ва парешон бо паноҳ ба Худо анҷом медиҳад ва хостори наҷоти хеш аз як ҳомии пинҳон мешавад ва ҷуз ба Рабби Раҳимаш ба касе рӯ намеорад.

Ин се навъ дуое, ки зикр шуд, ҳамеша мустаҷоб аст, ба шарти ин ки монеъи сабаби адами қабули он набошад.

Навъи чаҳорум, ки машҳуртарин аст, ин дуои мо одамиён аст. Ин ҳам ду навъ дорад: Яке, феълӣ ва ҳолӣ аст ва дуввум қалбӣ ва қолӣ.

Масалан: Талаби асбоби зиндагӣ як дуои феълӣ аст. Дуо барои тадоруки заминаҳои иҷтимоии як амр, далели ин ки ҳатман он амр бояд ҳодис бишавад ва иттифоқ бияфтад, нест. Балки, бо забони ҳол дархосте аз Худост то шароити мусоид ва созгори вуқӯъи як падида ба вуҷуд биёяд. Ҳатто, дархостҳои ҷуфту дастаҷамъӣ аз Худо ба дари раҳмати вай паноҳ бурдан аст. Аз он ҷо, ки ин навъи дуои феълӣ мутаваҷҷеҳи ном ва мақоми бахшандаи мутлақ аст, имкони пазириш ва мустаҷоб шудани он низ эҳтимоли тамом ва фаровон дорад.

Навъи дуввум ин дуо бо забон ва қалб аст. Дархости чизҳое аст, ки имкони даст ёзидан ба онҳо мушкил аст. Муҳимтарин бахши ин гуна дуо ва ниҳояти зебоӣ ва самараи дилчаспаш ин аст, ки: “Фарди дуокунанда мефаҳмад, ки яке ҳаст ва нидои қалби ӯро мешунавад ва ба ҳар коре тавоност ва ҳар орзуеро метавонад бароварда созад, ба аҷзу заъфи ӯ ёрӣ мерасонад ва барои раҳоии ӯ аз фақру ҷаҳл мадад мерасонад.”

Пас эй инсони оҷиз ва эй башари дармонда! Калидҳои хазинаи раҳмати Илоҳиро, ки ҳамоно дуову ниёиш аст, аз даст надеҳ. Ба дуо рӯй ор ва ба мақоми волои инсоният роҳ пайдо кун. Ҳамчун султоне бош, ки тамоми дуоҳои коинотро бо дуоҳои худ меомезад. Як бандаи кулл ва як вакили умумӣ шав ва اِيَّاكَ نَسْتَعِينُ10  бигӯ ва аҳсани тақвими коинот шав.

Боби дуввум

Шомили “панҷ нукта” аст, ки дар меҳвари Саъодат ва Шақовати инсон мечархад.

Аз он ҷое ки инсон дар аҳсани тақвим халқ гардида ва истеъдоди ҷомиъе ба ӯ дода шудааст, метавонад вориди майдони имтиҳоне шавад, ки мақомот, маротиб, дараҷот ва партгоҳҳои он аз асфала софилин то аълои ъилиййин ва аз фарш то арш ва аз зарра то шамсро фаро мегирад, инсон ба сурати як муъҷизаи қудрат ва натиҷаи хилқат ва аъҷубаи санъат – ки ду роҳ ки ба саъуд ва сақути бепоён меанҷомад, пеши рӯи худ дорад – ба ин дунё фиристода шудааст.

Пас инак рамзи ин тараққӣ ва суқути инсонро дар “Панҷ Нукта” ба шарҳи зер баён мекунем.

НУКТАИ АВВАЛ

Инсон ба аксари анвоъи коинот мӯҳтоҷ ва алоқадор аст. Эҳтиёҷоташ дар ҳар гӯша ва канори олам пароканда шуда ва орзуҳояш то абад имтидод ёфтааст. Ҳамон гуна, ки хоҳони як шохаи гул аст, хостори баҳоре пуршукӯҳу зебост ва ҳамон тавр ки орзуи доштани боғчаеро дорад, биҳишти абадиро низ орзу мекунад ва ҳамон гуна ки дидори дӯстро интизор дорад, муштоқи дидани Ҷамили Зулҷалол низ мебошад. Ҳамон тавр, ки барои мулоқоти дӯсташ, ки дар макони дигарест, бояд дари он маконро боз кунад. Ба ҳамин тартиб низ барои дидор бо навадунӯҳ дарсад аз дӯстони ба барзах рафтааш ва барои наҷот аз фироқи абадии онҳо ниёз дорад, то ба даргоҳи Қодири Мутлақ паноҳ биёварад, ки ба зудӣ дарвозаи дунёро баста, дарвозаи охиратро ки растохези аҷоибҳост, хоҳад кушод ва бо барчидани бисоти дунё охиратро бино намуда, ҷойгузини он хоҳад кард.

Лизо дар чунин вазъияте фақат ягона Қодири Зулҷалол, ягона Раҳими Зулҷамол ва ягона Ҳакими Зулкамоле, ки маҳори ҳар чиз дар дасти ӯ ва хазонаи ҳама чиз дар назди ӯст ва нозир бар ҳама, ҳозир дар ҳар макон, мунзаҳ аз макон, мубарро аз аҷз, муқаддас аз қусур ва волотар аз ҳар айб аст, метавонад маъбуди ҳақиқии инсон бошад.

Чунки, бароварда кардани ҳоҷатҳои бепоёни инсонӣ танҳо аз дасти соҳиби қудрат ва дорандаи амале муҳит ва фарогир бармеояд. Бинобар ин, фақат чунин зоте сазовори ибодат аст.

Пас эй инсон! Агар танҳо ӯро бипарастӣ ва бандаи ӯ бошӣ, ба мақоми ашрафи махлуқот хоҳӣ расид.

Аммо, агар аз убудият ва бандагиаш рӯ бигардонӣ, онгоҳ бандаи залили махлуқоти оҷиз мешавӣ.

Агар бо фахр ва ноз ба иноният ва қудратат, даст аз дуо ва таваккал бардошта, бо такаббур ва ғурур аз масири Ҳақ мунҳариф шудӣ, онгоҳ дар ҷиҳати “хайр ва эҷод” нотавонтар аз мӯрча ва занбӯри асал, ҳатто дармондатар аз магас ва анкабут хоҳӣ шуд ва дар “шар ва тахриб” сангинтар аз кӯҳ ва мазартар аз тоъун хоҳӣ буд.

Бале, эй инсон! Дар ту ду ҷиҳат вуҷуд дорад:

Якум: Эҷод ва вуҷуд ва хайр ва мусбат ва феъл.

Дуввум: Тахриб, адам, шарр, нафӣ ва инфиъол.

Аз нуқтаи назари ҷиҳати нахӯст поёнтар аз занбӯри асал ва гунҷишк… заифтар аз магас ва анкабут  ҳастӣ.

Аммо, аз нуқтаи назари ҷиҳати дуввум метавонӣ аз кӯҳ, замин ва осмонҳо бигзарӣ ва бореро бар дӯш бикашӣ, ки онҳо аз ҳамли он изҳори аҷз намуданд. Дар натиҷа метавонӣ доирае васеътар ва бузургтар аз онҳо касб кунӣ. Зеро, вақте ба эҷод ва анҷоми кори неке даст мезанӣ, фақат ба андозаи тоқат ва то ҷое, ки дастат ба он ҷо мерасад, ба мизони тавон ва қудратат муваффақ мешавӣ. Аммо, агар даст ба тахриб ва вайронкорӣ бизанӣ, дар он сурат тахриб, таҷовуз ва вайронкориат дар ҳама ҷо густариш ёфта ва ҳама чизро таҳти таъсири худ қарор медиҳад.

Барои мисол: куфр танҳо як вайронкорӣ, як тахриб ва як адами тасдиқ аст. Аммо, ҳамин як бадӣ, ба таҳқири тамоми коинот мунҷар мешавад ва кӯчак шуморидани ҳамаи асмои Илоҳӣ ва тавҳин ба ҳамаи инсониятро дар бар дорад. Чунки, мавҷудот дорои мақоми олӣ ва вазифаи муҳиме ҳастанд ва онҳо мактуботи Раббонӣ, оинаҳои Субҳонӣ ва маъмурини Илоҳӣ маҳсуб мешаванд.

Аммо куфр, зимни ин, ки онҳоро аз мақоми оинадорӣ ва вазифадорӣ ва маънидор будан поён оварда, онҳоро бозичаи дасти тасодуф дониста ва ҳамчун маводи фонӣ медонад, ки таҳти таъсири тахриботе, ки аз завол ва фироқ ба онҳо расида, сареъ хароб ва фосид мешаванд ва тағйири шакл мекунанд. Илова бар он, онҳоро беаҳамият, беарзиш ва бефоида медонад. Ва дар айни ҳол Асмои Илоҳиро ҳам, ки нақшу ҷилваву ҷамолаш дар ҳама коинот ва дар оинаи мавҷудот намоён аст, инкор мекунад, хурд мешуморад ва ҳатто инсониятро ҳам нафӣ мекунад. Инсонияте, ки иборат аст аз қасида ва манзумаи саросари ҳикмате, ки тамоми ҷилваҳои Асмои Қудсияи Илоҳиро ба зебоӣ эълон карда ва ба унвони муъҷизаи тобони қудрат мисли як ҳастии ҷомеъ, шох ва баргҳои шаҷараи таййибаро дар бар мегирад. Ва касест, ки бо ба ӯҳда гирифтани амонати кубаро бар кӯҳҳо ва осмонҳо ва замин бартарӣ меёбад ва мақоме волотар аз мақоми фариштагон ба даст меоварад ва халифаи замин мегардад. Яъне куфр, чунин инсониятеро аз залилтарин ҳайвони фонӣ ва нопойдор ҳам залилтар, заифтар, оҷизтар ва фақиртар қарор дода, дар партгоҳи бемафҳумӣ ва сардаргумӣ сарнагун месозад ва ҳамчун лавҳаи оддӣ, зоид, изофӣ ва бемаънӣ мебинад.

Хулоса: Нафси аммора дар роҳи тахриб ва шарр метавонад ҷиноятҳои зиёдеро муртакиб шавад, аммо дар роҳи эҷод ва хайр қудраташ бисёр кам ва ҷузъӣ аст. Хонае, ки сохтани он сад рӯз тӯл мекашад, дар як рӯз вайрон мекунад.

Аммо, агар инсон инониятро раҳо карда, хайр ва вуҷудро аз тавфиқи Илоҳӣ талаб намояд ва аз шарр ва тахриб ва аз пайравӣ ва эътимод ба ҳавои нафс даст бардорад ва бо истиғфор бандагии худро ба тамоми маънӣ ба ҷо оварад, он гоҳ машмули рамзи يُبَدِّلُ اللّٰهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ11 мешавад ва тавонмандиҳои бисёреро, ки дар заминаи анҷоми шарр дошт, ба тавонмандии бузурге барои анҷом додани хайр табдил медиҳад ва арзиши Аҳсани Тақвимро касб намуда, ба аълои ъилиййин гом мегузорад.

Пас, эй инсони ғофил! Ба фазлу карами парвардигор бингар. Дар ҳоле, ки айни адолат аст, агар як гуноҳро ҳазор гуноҳ маҳсуб кунад ва як некиро фақат як некӣ бинависад, Ё ҳеҷ подоше барояш қоил нашавад. Аммо, парвардигори Субҳон як гуноҳро як гуноҳ ва як некиро даҳ некӣ ва гоҳе ҳафтод ва гоҳе ҳафтсад ва дар мавриде ҳафт ҳазор менависад!

Бинобар ин, огоҳ бош! Дохил шудан ба Ҷаҳаннами мудҳиш ҷазои амал ва айни адолат аст. Аммо, дохил шудан ба Ҷаннат сирф фазл ва марҳамати Илоҳист.

НУКТАИ ДУЮМ

Инсон дорои ду ваҷҳ аст:  

Якум: Ваҷҳи иноният, ки назар ба ин ҳаёти дунявӣ дорад.

Дуввум: Ваҷҳи убудият, ки назар ба ҳаёти абадӣ дорад.

Пас инсон ба эътибори ваҷҳи аввал чунон махлуқи бечорае аст, ки аз ирода ва ҷузъи ихтиёре ҷузъӣ фақат ба андозаи тори мӯе баҳра бурда, аз иқтидори бисёр каме бархурдор аст ва аз ҳаёт танҳо як шӯълаи хомӯш шуданӣ ва аз умр ҳам танҳо як лаҳзаи гузаро ва аз вуҷуд ва ҳастӣ низ ҷисми кӯчаке дорад, ки ба суръат фарсуда мешавад. Илова бар ҳамаи ин сифот низ инсон дар байни анвои мухталифи мавҷудоте, ки дар табақоти ҳастӣ бешуморанд ва пароканда ҳастанд, мавҷуде зариф ва заиф ба шумор меравад.

Аммо ба эътибори ваҷҳи дуввум, ба хусус аз ҷиҳати аҷз ва фақре, ки мутаваҷҷеҳи убудият аст, доираи бисёр васеъ ва аҳамияти волое дорад. Чунки, Фотири Ҳаким аҷзе бисёр бузург ва фақре бас танумандро дар моҳияти маънавии инсон ғунҷонида аст, то оинаи ҷомеъ ва тамоми намое бошад, ки таҷаллиёти беҳад Қадири Раҳимро ки қудраташ бениҳоят буда ва Зоти Ғании Каримеро, ки ғанояш бепоён аст, бозтоб диҳад.

Бале, инсон ба ҳастие шабеҳ аст, ки аз ҷониби Қудрати Илоҳӣ абзори маънавии пураҳамияте ба ӯ дода шудааст ва аз ҷониби Қадар тарҳ ва нақшаи муҳим ва боарзише фарорӯяш гузошта шудааст, то дар зери хок фаъолият кунад ва саранҷом аз он олами маҳдуд берун ояд ва бо омадан ба олами васеъҳаво бо забони истеъдод аз Холиқаш бихоҳад, то дарахте шавад ва ба камоли муносиб бирасад.

Ҳол, агар ин ҳастӣ ба далели бадмизоҷе абзори маънавиашро дар зери хок ба ҷалб ва ҷазби маводи мазр бигуморад, мусалламан пас аз муддате мепӯсад ва мегандад ва бефоида мемонад.

Аммо, агар бо пайравӣ аз амри таквине 12فَالِقُ الْحَبِّ وَالنَّوَى  абзори маънавиашро ба ваҷҳи аҳсан ба кор барад, дер нахоҳад поид, ки аз он дори олам берун омада ва дарахти бузурги мевадор ва пурсамаре шуда, ки ҳақиқати ҷузъӣ ва рӯҳи маънавии кӯчакаш ба ҳақиқате бузург ва куллӣ табдил меёбад.

   Ба ҳамин тартиб низ, дар моҳияти инсон абзори муҳиме аз ҷониби қудрати Илоҳӣ ва тарҳҳо ва барномаҳои боарзише аз ҷониби қадари Илоҳӣ ба ӯ амонат дода шудааст.

Агар инсон дар замини дори олам ва дар зери хоки ҳаёти дунявӣ, ҷиҳозоти маънавиашро дар роҳи ҳавасҳои нафсонӣ сарф кунад, ӯ ҳам мисли ҳамон тухми фосидшуда ба хотири лаззати ҷузъӣ ва зудгузар дар умри кӯтоҳ ва дар фазои танг ва дар вазъияти сахту дарднок мепӯсад ва фосид мешавад ва бори масъулияти маънавиашро бар дӯши рӯҳи бадбахташ ҳамл мекунад. Саранҷом, аз ин дунё рахт баста меравад.

Аммо агар инсон тухми истеъдодашро парвариш диҳад ва онро дар зери хоки убудият бо оби Ислом обёрӣ намуда, бо нури имон тағзия кунад ва бо пайравӣ аз авомири Қуръонӣ ҷиҳозоти маънавии он тухмро мутаваҷҷеҳи аҳдофи ҳақиқиаш гардонад, ба яқин дар олами мисол ва барзах реша ва шоха хоҳад дод ва гул боз хоҳад кард ва дар олами охират ва ҷаннат як шаҷараи боқӣ, ки меҳвари камолоти беҳад ва неъматҳои бешуморест шуда, ҳастӣ бо арзиш ва ҷомеъи ҷиҳозоти як ҳақиқати доимӣ ва василаи пурдаромад ва пурмаҳсул ва меваи хуҷаста ва пурнури дарахти коинот мешавад.

Бале, рушду тараққии ҳақиқӣ замоне имконпазир аст, ки қалб, асрор, рӯҳ, ақл, ҳатто хаёл ва соири қувваи додашуда ба инсон, ба сӯи ҳаёти абадӣ таваҷҷӯҳ дода шавад ва ҳар кадоми онҳо ба вазифаи убудияте, ки махсус ва муносиби ӯст, машғул гардад.

Зеро, ғӯтавар шудан дар тамоми завоёи ҳаёти дунявӣ ва чашидани анвоъ ва ақсоми лаззатҳо ва шириниҳои он, ҳатто пасттарини он, ки тамоми латоиф ва қалб ва ақлро аз байн мебарад, онҳоро ҳалқабагӯш ва асир ва ёри нафси аммора мекунад, ҳаргиз тараққӣ ва пешрафт нест. Балки суқут аст.

Ин ҳақиқатро дар як воқеаи хаёлӣ дида будам ва акнун бо мисоли зер ба шарҳи он мепардозам:

Ба шаҳри бузурге ворид шудам. Ман дидам, ки кохҳои бузурге дар он шаҳр вуҷуд дошт. Дар пеши дарвозаи баъзе аз ин кохҳо, ҷашнҳо ва маҳфилҳои шодиву хурсандӣ ва зебоӣ ҳам чун саҳнаҳои театр барпо буд, ки нигоҳҳоро ба худ ҷалб мекард. Онгуна ҷаззобияти аҷибе дошт, ки ҳар касро ба рақс вомедошт. Бодиққат нигаристам ва дидам, ки соҳиб ва сарвари он кох наздики дар омада бо сагҳо бозӣ мекунад ва дигаронро ҳам машғули ин кор кардааст. Занҳо ҳамроҳ бо ҷавонони бегона машғули сӯҳбатҳои ошиқонаанд. Ва духтарони ҷавон низ бозии кӯдаконаеро тартиб медоданд. Дарбонон бошанд, мисли фармондеҳи гурӯҳ ҳолати як ҳунармандро ба худ гирифта буданд. Он вақт пай бурдам, ки дар дохил касе нест ва корҳои муҳим раҳо шуда ва ин гурӯҳ ба далели фасоди ахлоқиашон ҳама чизро раҳо карда, дар пеши дарвоза ба вазъияти фаҷиъе гирифтор шудаанд.

Андаке пештар рафтам. Кохи бузурги дигареро дидам. Саги вафодоре наздики дарвозаи вурудӣ хобида ва нигаҳбони матину бовиқоре бо салобат дар канори дар истода буд. Вазъият комилан ором буд ва дар пеши дарвоза чизе ҷалби таваҷҷӯҳ намекард. Аз ин оромӣ ва сукут тааҷҷуб кардам, ки чаро он яке бадон ҳолат ва ин яке ингуна аст?!

Ба кох дохил шудам. Дидам, ки бошукӯҳ ва зебост. Аҳли кох дар ошёнаҳои мухталиф ба корҳои муҳиму гуногун машғуланд. Кормандон дар ошёнаи аввал кохро идора ва назорат мекунанд. Дар ошёнаи дуввум духтарону кӯдакон машғули омӯзишанд. Дар ошёнаи саввум хонумҳо машғули санъатҳои хеле латиф, хайётӣ ва гулдӯзӣ ҳастанд. Дар ошёнаи охир соҳиби кох бо подшоҳ тамоси телефонӣ гирифта, барои таъмини осоиш ва оромиши мардум ва рушду пешрафташон машғули адои вазифаҳои хос ва анҷоми корҳост. Чун онҳо маро намедиданд, касе монеъи вуруди ман нашуд. Лизо бо оромиши комил гаштугузор кардам.

Сипас хориҷ шудам ва ба шаҳр бозгаштам. Дидам, ки дар ҳар тарафи шаҳр ҳамин ду навъ бино ва қасрҳо вуҷуд доранд. Сабаби онро пурсидам. Ба ман гуфтанд: “Қасрҳои навъи аввал, ки дарунашон холӣ ва берунашон пуриздиҳом аст, паноҳгоҳи пешвоёни куффор ва аҳли залолат аст. Қасрҳои навъи дуввум ҷойгоҳи пешвоёни ғаюр ва бономус ва бошаҳомати мусулмонон аст.”

Баъд аз он дар яке аз гӯшаҳои шаҳр кохи дигареро дидам, ки номи Саид рӯи он навишта шуда буд. Тааҷҷуб кардам. Бештар диққат кардам ва гӯё тасвири худро бар он медидам. Аз тааҷҷуб ва тарсу ваҳшати зиёд фарёд кашидам ва ба ҳуш омада бедор шудам.

Инак, ин воқеаи хаёлиро таъбир мекунам. Аллоҳ хайр кунад.

Он шаҳр ҳаёти иҷтимоии башар ва мадинаи маданияти инсонист.

Ҳар яке аз он кохҳо як инсон аст.

Аҳолӣ ва сокинони он кох латоифи мавҷуд дар инсон ба монандӣ: чашм, гӯш, қалб, сар, рӯҳ, ақл ва муҳаррикҳое мисли: нафс ва ҳаво ва қувваи шаҳвонӣ ва қувваи ғазаб ҳастанд.

Ҳар як аз ин латоифи омода дар вуҷуди инсон низ вазифаи убудияти махсус ба худро доранд ва лаззатҳо ва дардҳои онҳо аз якдигар фарқ доранд. Аммо нафс ва ҳаво ва қувваи шаҳвонӣ ва қувваи ғазаб дар ҳукми нигаҳбон ва саги посбонанд.

Пас агар он латоифи баланду олӣ зери фармони нафсу ҳаво бошад ва он вазифаи аслӣ фаромӯш шавад, албатта суқут аст, на тараққӣ! Соири мавридҳоро низ худ тафсир ва таъбир кунед.

НУКТАИ САВВУМ

Инсон аз лиҳози феъл ва амал ва аз нуқтаи назари саъй ва талоши моддӣ як ҳайвони заиф ва як махлуқи оҷиз аст. Дар ин ҷиҳат доираи тасарруфот ва моликияташ чунон кӯтоҳ аст, ки ба андозаи дарозии дасташ мебошад. Ҳатто, ҳайвоноти хонагӣ, ки маҳорашон ба дасти инсон дода шудааст, қисмате аз заъф ва аҷз ва танбалии худро аз инсон гирифтаанд, ки бо муқоисаи онҳо бо ҳайвоноти ваҳшии ҳамгурӯҳи худ тафовути калони байни онҳо мушоҳида мешавад. Монанди фарқи гӯсфанду гови хонагӣ бо гӯсфанду гови ваҳшӣ.

Аммо ҳамин инсон аз лиҳози инфиъол, қабул, дуо ва савол, дар ин меҳмонхонаи дунё меҳмони азиз ва мусофири парвардигори Каримест, ки дари ганҷинаҳои раҳмати беинтиҳояшро ба рӯяш кушода ва маснуъоти бадеъ ва ходимони худро дар инхтиёри ӯ гузошта. Ва барои тафриҳ, тамошо ва истифодаи ин меҳмон чунон доираи бузургеро муҳайё намудааст, ки фақат нисфи қутр, яъне аз доира то маркази он, то ҷое, ки чашму хаёл кор мекунад, имтидод ёфта ва вусъат дорад.

Пас, агар инсон бо такя ба иноният ва ғурураш зиндагонии дунёро ҳадафи афкори худ қарор диҳад ва гирифтори маишати дунё шавад ва тамоми саъю талошро ба лаззатҳои зудгузар мунҳасир созад, дере намегузарад, ки дар доираи зиндагии бисёр маҳдуде, ки барои худ дуруст карда, хафа мешавад ва заҳматаш барбод меравад. Саранҷом тамоми ҷиҳозот ва олот ва имконот ва латоифе, ки ба ӯ дода шудаанд, аз ӯ шикоят мекунанд ва рӯзи маҳшар алайҳи ӯ шаҳодат дода ва ӯро ба ҷавобгарӣ мекашанд.

Аммо, агар худро мусофири дунё бидонад ва сармояи умрашро дар чорчӯби ризояти Зоти Кариме, ки ӯро меҳмон кардааст, сарф намояд, онгоҳ дар доираи васеи зиндагӣ, ки пеши рӯи худ дорад, барои расидан ба ҳаёте абадӣ неру ва талоши худро ба кор бурда ва нафаси роҳату оромӣ кашида ва ба осоиш мерасад. Саранҷом метавонад аълои ъилиййин саъуд кунад. Ва тамоми ҷиҳозот ва олот ва имконот, ки ба ӯ дода шудааст, аз ӯ ташаккур намуда ва дар охират ба нафъи ӯ шаҳодат медиҳанд.

Бале, ин ҳама ҳиссиёт ва аъзо ва имконоти шигифтоваре, ки бв инсон дода шудааст, танҳо ба хотири ин зиндагии дунявии беаҳамият нест. Балки, барои ҳаёти боқии бисёр муҳим ба ӯ дода шудааст. Чунки, ҳар гоҳ инсонро бо ҳайвон муқоиса кунем, мебинем, ки инсон аз лиҳози ҷиҳозот ва олот бисёр ғанӣ аст ва сад дараҷа бар ҳайвон бартарӣ дорад. Аммо, аз лиҳози бархурдор будан аз лаззати зиндагии дунявӣ ва ҳаёти ҳайвонӣ сад дараҷа фақиртар аз ҳайвон аст.

Чунки, инсон ҳар лаззате, ки мебарад, ҳазорон дарду ранҷ барои ӯ мекашад. Дардҳои гузашта ва тарс ва изтироб нисбат ба оянда ва афзун бар он, дарди заволи ҳар лаззат комашро талх мекунанд ва дар лаззаташ асаре аз дард барҷой мегузоранд.

Аммо ҳайвон чунин нест. Лаззаташ бедард ва суруру шодмониаш орӣ аз андӯҳ аст. На ранҷҳои гузашта озораш медиҳанд ва на тарс аз оянда нигаронаш мекунад. Балки, бароҳат зиндагӣ мекунад, мехобад ва шукри Холиқашро ба ҷо меорад.

Пас, инсоне ки ба сурати Аҳсани Тақвим халқ шудааст, агар фикрашро сирф ба зиндагии дунё мунҳасир кунад, бо ин ки сармояаш сад дараҷа волотар аз ҳайвон аст, мақоми худро аз ҳайвоне ҳамчун гунҷишк ҳам поёнтар меорад. Ин ҳақиқатро дар ҷои дигар, дар зимни мисоле баён кардаам. Чун муносиб омад, дар ин ҷо бори дигар онро такрор мекунам:

Шахсе даҳ тилло ба яке аз хизматгоронаш дод ва чунин амр кард: “Барои худ аз матои махсус пироҳане бидӯз.” Ва ба хизматгори дигараш ҳазор тилло дод ва ёддоште навишт, ки чизҳое бар рӯи он навишта шуда буд ва дар ҷайби ӯ гузошт ва равонаи бозораш кард.

Хизматгори якум либосе бисёр олӣ аз порчаи бисёр хуб ба даҳ тилло харид. Хизматгори дуюм аблаҳӣ карда, пеш аз он, ки ёддоштро бихонад, бо тақлид аз хизматгори якум тамоми ҳазор тиллоро ба дӯкондор дод ва як даст либос хост. Дӯкондори беинсоф ҳам аз ҷинси хароб як даст либос ба ӯ фурӯхт. Он хизматгори бадбахт ба назди арбобаш рафт ва ҷазову шиканҷаи сахт дид.

Бинобар ин, касе ки андак шууре дошта бошад, дар ин ҷараён пай мебарад, ки ҳазор тиллои ба хизматгори дуюм додашуда барои тиҷорати муҳиме буд, на барои хариди пироҳан.

Айнан монанди он: Ҳар яке аз ҷиҳозоти маънавӣ ва латоифи ба инсон додашуда сад дараҷа пешрафтатар аз ҳайвон аст.

Барои мисол: Чашми инсон, ки тамоми маротиби зебоиҳоро ташхис медиҳад куҷову чашми ҳайвон куҷо?! Қувваи зоиқаи инсон, ки таъмҳои гуногуни навъҳои таомҳоро медонад куҷову қувваи зоиқаи ҳайвон куҷо?! Ва ақли инсон, ки дар жарфои ҳамаи ҳақоиқ нуфуз дорад куҷову ақли ҳайвон куҷо?! Ва қалби инсон, ки муштоқи анвои камолот аст ва ҳиссиёт ва аъзо ва имконоти дигари ӯ куҷо?! Ва ҷиҳозоти басити ҳайвон, ки инкишофоте дар дараҷоте поён дошта ва рушд наёфтааст, куҷо?! Фақат бо ин тафовут, ки бархе аз аъзо ва ҳиссиёти махсуси ҳайвон дар кор ва амале махсус, ки мунҳасир ба ҳамон ҳайвон мебошад, зиёдтар рушд ва инкишоф ёфтааст, ки он инкишоф хусусӣ мебошад.

Рамзи сарватманд будани инсон аз назари ҳиссиёт ва аъзо ва имконот ин аст:

Ҳиссиёт ва қувваи идроки ӯ бо кумак ва ёрии ақл ва фикраш инкишоф, рушд ва тавсеъаи бештаре ёфтааст. Ва ба сабаби ниёзҳои гуногун ва фаровонаш ҳавос ва органҳояш низ мутанаввеъ шудааст ва ба сабаби ҷомеъ будани фитраташ орзуҳояш низ дурудароз буда ва ба мақсадҳои фаровоне чашм дӯхтааст. Ва бо таваҷҷӯҳ ба зиёд будани вазифаҳои фитриаш имконот ва ҷиҳозоташ низ бисёр рушд намудааст. Ва аз он ҷое, ки фитрати бадеъи ӯ омодагии анҷоми анвои ибодатҳоро дорад, лизо истеъдоде, ки дарбар гирандаи ҳастӣ ва ҷавҳари ҳар навъ камолот буда, ба ӯ дода шудааст.

Пас, ин ҳама ҳиссиёт ва аъзо ва имконоти боарзиш ва сармояҳои фаровон сирф барои таҳсили зиндагии дунявии беаҳамият ва муваққат ба инсон дода нашудааст. Балки, вазифаи асосии чунин инсонест, ки вазифаҳоеро анҷом диҳад, ки ҳадафҳо ва мақсадҳои бепоёне дар он нуҳуфта аст. Ӯ бояд бо анҷоми ибодат ва бандагӣ, аҷз ва фақрашро ба даргоҳи Худованди ҷалла ҷалолуҳу эълон кунад ва бо диде боз тасбеҳоти мавҷудотро мушоҳида намояд ва ба он шаҳодат диҳад ва имдоду алтофи Раҳмониро дар неъматҳо бубинад ва шокир бошад ва бо тамошои мӯъҷизоти қудрати Раббонӣ дар маснуъот дар бораи онҳо фикр кунад ва бо чашми ибрат ба онҳо бингарад.

Эй инсони дунёпараст, ошиқи ҳаёти дунё ва ғофил аз рамзи аҳсани тақвим! Ҳақиқати зиндагии ин дунёро Саиди Кӯҳна дар ҳодисае хаёлӣ дидааст. Ҳодисае, ки ӯро ба Саиди Нав табдил дод. Пас хуб онро гӯш кун!

Дидам, ки мусофир ҳастам ва ба мусофирати дуру дарозе меравам. Яъне, ба ҷои дуре фиристода мешавам. Арбобам шаст тилло бароям дар назар гирифта буд ва ба тадриҷ ва рӯзона маблағе аз онро ба ман медод. Миқдоре аз он маблағро харҷ кардам, то ин ки ба мусофирхонае рафтам. Дар он ҷо дар зарфи як шаб даҳ тиллоро дар қимор ва мумор ва тафреҳ ва саргумӣ ва шӯҳратталабӣ харҷ кардам. Субҳ шуд. Пуле надоштам. Фоидае ҳам накарда будам. Ҳатто барои ҷое, ки мерафтам, чизе нахарида будам. Ва он чӣ аз он пул ба даст овардам, дарду гуноҳ ва захму кудурат ва айёшиву лаззатҳои номашрӯъ буд. Дар чунин ҳолати асафноке ногаҳон марде дар баробарам зоҳир шуд ва ба ман гуфт:

“Тамоми сармояатро барбод додӣ ва мустаҳақи муҷозот шудӣ. Ба ҷое, ки бояд мерафтӣ, акнун маҷбурӣ, ки дасти холӣ ва сарафканда биравӣ. Оқил бош ва шитоб кун. Ҳанӯз дари тавба боз аст. Ва аз понздаҳ тиллои боқимонда, ки баъд аз ин ба ту дода мешавад, нисфашро эҳтиёт ва захира кун, то бо он ниёзҳои сафаратро харидорӣ кунӣ.” Дидам, ки нафсам розӣ намешавад.

Он мард гуфт: “Як саввумашро.”

Боз ҳам нафсам итоат накард.

Сипас гуфт: “Як чаҳорумашро.”

Дидам, ки нафсам намехоҳад одатеро, ки ба он мубталост, тарк кунад. Дар охир, он мард бо асабоният аз ман рӯ гардонд ва рафт.

Якбора вазъият тағйир ёфт. Дидам, ки савори қаторае ҳастам, ки дар тунели зеризаминӣ босуръат дар ҳаракат аст ва ҳар лаҳза имкон дорад вожгун шавад. Хеле тарсидам. Роҳи гурезе вуҷуд надошт. Ҳар тараф баста буд. Ночор таҳаммул кардам. Ҷолиб ин буд, ки дар ду самти қатора гулҳои зебо ва ҷаззоб ва меваҳои лазизе ба чашм мехӯранд. Ман ҳам мисли афроди беақл дастамро дароз кардам ва кӯшидам, ки гулҳоро ва меваҳоро бичинам. Аммо намешуд. Гулҳо бо хорҳо пӯшида буданд ва он хорҳо дастамро захмӣ ва хунолуд мекарданд. Қатора босуръат дар ҳаракат буд. Чидани гулҳо бароям бисёр душворӣ мекард.

Яке аз ходимони қатора бо дидани ин ҳолат ба ман гуфт:

“Панҷ куруш бидеҳ ва ҳар чӣ қадар ки бихоҳӣ ба ту гул ва мева медиҳам. Ин кор беҳтар аз он аст, ки худро азият кунӣ ва дастат захмӣ шавад ва садҳо дирҳам зарар кунӣ. Инро ҳам бидон, ки кандани меваҳо бе иҷозат мамнӯъ аст! Агар ин коратро идома бидиҳӣ, ҷазо хоҳӣ гирифт.”

Бисёр нороҳат шудам ва бо худ гуфтам: “Билохира кай аз тунел хориҷ хоҳам шуд? Сарамро аз панҷара берун карда, ба пеш нигаристам то охири тунелро бубинам. Аммо дидам, ки дар охири тунел чоҳҳои зиёде ҳаст ва мусофиронро аз дохили қатора ба даруни он чоҳҳо меандохтанд. Дар ин миён дар рӯ ба рӯи худ чоҳе дидам, ки дар ду тарафи он ду санги қабр омода шуда буд. Бодиққат ба он сангҳо чашм дӯхтам. Дидам, ки рӯи он сангҳо бо ҳарфҳои калон номи “Саъид” навишта шудааст. Ман аз таассуф ва ҳайрат “Эй воҳ!” гуфтам. Ногаҳон садои марде ба гӯшам расид, ки қаблан дар мусофирхона маро насиҳат карда буд.

Ӯ гуфт:

— “Ақлат ба сарат омад?”

Гуфтам:

— “Бале, омад. Фақат қуввате дар ман боқӣ намонда аст ва чорае нест.”

Гуфт:

— “Тавба кун ва таваккал кун.”

Гуфтам:

— “Тавба ва таваккал кардам.”

Ман ба ҳуш омадам. Дигар он Саиди Кӯҳна набудам. Худро Саиди Нав медидам.

Аз худованд мехоҳам, ин воқеаи тахайюлиро сабаби хайр гардонад. Яке ду қисми онро таъбир мекунам. Қисмҳои дигарро худ таъбир ва тафсир кунед:

Он сафар, сафарест, ки аз олами арвоҳ, аз раҳми модар, аз даврони ҷавонӣ, аз даврони пирӣ, аз қабр, аз барзах, аз ҳашр ва аз пули сирот гузашта ва ба тарафи абадулобод ба дарозо мекашад.

Он шаст тилло бошад, шаст соли умр аст. Вақте, ки ин воқеа ба ман иттифоқ афтод, фикр мекунам, чилупанҷсола будам. Мадраку замонате ҳам надоштам, ки то шастсолагӣ зинда мемонам. Аммо, яке аз шогирдони мухлиси Қуръон маро насиҳат кард, ки ниме аз понздаҳ соли умри боқимондаи худро дар роҳи охират сарф кунам.

Он қаср барои ман шаҳри Истанбул буд.

Он қатора замон аст ва ҳар соли он ба манзалаи як вагон мебошад.

Он тунел бошад, зиндагонии дунёст.

Он гулҳо ва меваҳои хордор лаззатҳои номашрӯъ ва саргармиҳои ҳароме ҳастанд, ки ҳангоми ҷудоӣ, дарди тасаввури заволи онҳо қалбро захмӣ ва хунолуд карда, инсон аз фироқ ва ҷудоии онҳо сахт азоб мекашад ва сабаби азоби қиёмат низ мешавад.

Ва таъбири сухани ходими қатора, ки гуфта буд: “Панҷ куруш бидеҳ ва ман ҳар чӣ бихоҳӣ, ба ту медиҳам” чунин аст: Хушӣ ва лаззате, ки инсон аз умури ҳалол ва машрӯъ мебарад, барои лаззат бурдани ӯ кофист ва ба анҷом додани умури ҳаром эҳтиёҷе нест.

Қисмҳои дигари онро худ таъбир кунед.

НУКТАИ ЧАҲОРУМ

Инсон дар ин коинот ба кӯдаки нозанин ва боназокат ва зудранҷе шабоҳат дорад, ки дар нотавониаш қувваи бузург ва дар аҷзаш қудрати азиме нуҳуфта аст. Чунки, бо нерӯи он заъф ва бо қудрати он аҷз аст, ки ҳамаи мавҷудот зери амри ӯ қарор гирифтаанд.

Агар инсон бо дарки заъфаш қавлан, ҳолан ва тавран (бо гуфтор ва аҳвол ва кирдори худ) дуо кунад ва бо пай бурдан ба аҷзаш аз Худованд кумак хоста, шукри он тасхирро адо намояд, дар расидан ба хостаҳо ва баровардани мақсадҳояш муваффақ ва пирӯз мешавад, ки бо қудрати ҷузъӣ ва ночизи худаш ҳатто як даҳуми он барояш муяссар намешавад. Аммо ӯ гоҳе он чиро бо дуои забони ҳол ба даст оварда аст, ба иштибоҳ онҳоро аз қудрат ва тавони худ медонад.

Барои мисол: Заъфе, ки мурғ дар чӯҷаи худ мебинад, сабаб мешавад, ки мурғ ба тарафи шер ҳамлавар шавад. Бачаи навзоди шер, шери дарранда ва гуруснаро зери фармони худ дароварда, сабаб мешавад, ки он шери дарранда худ гурусна бимонад, то ки бачааш сер шавад. Бале, нерӯи дар заъф вуҷуддошта тааҷҷуббарангез буда, таҷаллии раҳмати илоҳӣ дар он низ қобили таваҷҷӯҳ аст.

Як кӯдаки ноздору дӯстдоштанӣ бо гиряву нола ё бо хоҳишу илтимос ё бо ҳолати ғамангез ба наҳве хостаҳояшро бароварда карда, афроди қавӣ ва нерӯмандро зери фармони худ дар меоварад. Дар ҳоле, ки бо қудрати ночизи худ ҳаргиз наметавонист ба яке аз ҳазорон хостааш бирасад. Пас метавон гуфт:

Заъф ва аҷзи он кӯдак шафқат ва ҳимояи дигаронро бармеангезад. Ба гунае, ки бо ишораи ангушташ қаҳрамонон ва подшоҳонро низ мутеъи худ мегардонад.

Ҳол, агар чунин кӯдаке он шафқатро инкор ва ҳимоятро муттаҳам кунад ва бо ғурури аҳмақона бигӯяд: “Ман бо қувват ва нерӯи худ ҳамаи ин афродро зери фармонам даровардаам.” Бешак, шаппотии сахте хоҳад хӯрд.

Ҳамчунон агар инсон раҳмати Холиқашро инкор кунад ва ҳикматашро зери савол барад ва бо куфрони неъмат монанди Қорун бигӯяд: اِنَّمَا اُوتِيتُهُ عَلَى عِلْمٍ  яъне: “Ман бо илм ва қудратам он сармояро ба даст овардаам.”

Ба яқин худро мустаҳақи азоб мекунад.

Пас, манзалату ҷойгоҳи додашуда ба инсон ва пешрафтҳои башарӣ ва камолоти мадании машҳуд, натиҷаи манфиат талабӣ, ғалаба, бартари ҷӯйи ва қувваи ҷидолу муноқишаи ӯ нест. Балки, ба сабаби заъфи дар ихтиёри ӯ гузошта шуда ва ба хотири аҷзаш ба ӯ кумак шуда ва ба ҷиҳати фақраш ба ӯ эҳсон ва ба сабаби ҷаҳлаш ба ӯ илҳом шуда ва барои рафъи ниёзҳояш ба ӯ икром гардидааст. Аз ин рӯ, сабаби салтанати ӯ ҳаргиз тавон ва иқтидори илмиаш нест. Балки, шафқат ва раъфати Раббонӣ, раҳмат ва ҳикмати Илоҳӣ, ҳама чизро дар ихтиёраш қарор дода, ба ӯ ато кардааст.

Бале, инсоне ки мағлуби ҳашароте ҳамчун ақраби бечашм ва мори бепой аст, албатта қудрат ва тавони ӯ ҳаргиз наметавонад аз кирми кӯчаке ҳамчун кирми абрешим либоси абрешимӣ ба ӯ бипӯшонад ва аз ҳашароте заҳрдор хӯроке чун асал барояш таҳия кунад. Дар воқеъ, ҳамаи инҳо натиҷаи заъфи ӯст, яъне натиҷаи тасхири Раббонӣ ва икроми Раҳмонӣ дар ҳаққи ӯст.

Эй инсон! Модоме, ки ҳақиқат чунин аст, ғурур ва худхоҳиро тарк кун. Дар даргоҳи улуҳият бо забони истимдод ба аҷз ва заъфат эътироф кун ва бо забони тазаррӯъ ва дуо фақр ва ниёзатро эълон намо ва банда буданатро нишон деҳ ва 13حَسْبُنَا اللّٰهُ وَنِعْمَ الْوَكِيلُ  бигӯ ва пешрафт кун! Ва нагӯ: “Ман чизе нестам, чӣ аҳамияте дорам, ки ин коинот аз тарафи ягона Ҳокими Мутлақ ва бо хостаи ӯ дар ихтиёри ман қарор гирад ва он гоҳ дар ивази он шукри куллӣ аз ман хоста шавад?!”

Зеро, ту аз нигоҳи нафс ва сурати зоҳирӣ дар ҳукми ҳеҷ ҳастӣ. Аммо аз назари вазифа ва мартаба дар ҳукми нозири дақиқкори ин коиноти боҳашамат ҳастӣ, ва забони гӯё ва расои мавҷудоти пурҳикмат ҳастӣ ва бо дарку фаҳм мутолиакунандаи китоби олам ҳастӣ ва дар ҳукми наззорагари шигифтангези махлуқоти тасбеҳгӯй мебошӣ ва ба унвони устоди кулл ва мӯҳтарами ин маснуъоти ибодатгузор офарида шудаӣ.

Эй инсон! Ту аз назари ҷисми наботӣ ва нафси ҳайвониат як ҷузъи кӯчак ва ҷузъии ҳақир ва махлуқе фақир ва ҳайвони заифе ҳастӣ, ки дар амвоҷи пурталотуми мавҷудоти шигифтангез дасту по мезанӣ.

Аммо, аз лиҳози инсонияте, ки бо тарбияи исломӣ такомул ёфта бошад ва бо нури имон, ки дарбаргирандаи нури муҳаббати Илоҳист, мунаввар шудааст, ту дар айни абд буданат подшоҳ ва дар айни ҷузъӣ буданат як кулл ва дар айни кӯчакиат оламе ҳастӣ ва дар айни ҳақир буданат мақом ва ҷойгоҳат баланд ва доираи назоратат чунон васеъ аст, ки метавонӣ иддао кунӣ: “Парвардигори Раҳимам дунёро хона ва масканам қарор дода ва моҳу хуршедро чароғи ин хона ва баҳорро ҳам дастагули он ва тобистонро суфраи неъмат ва ҳайвонотро хидматгузор ва набототро зинату зевари хонаам сохта аст.”

Натиҷаи калом: Ту агар ба нафс ва шайтон гӯш кунӣ, ба асфала софилин мефароӣ. Аммо, агар ба Ҳақ ва Қуръон гӯш бидиҳӣ, ба аълои ъилиййин мебароӣ ва аҳсани тақвими коинот хоҳӣ шуд.

НУКТАИ ПАНҶУМ

Инсон ба унвони маъмур ва мусофир ба ин дунё фиристода шуда, истеъдодҳои бисёр муҳим ва боарзише ба ӯ иноят гардида ва мутобиқи ҳамон истеъдодҳо, вазифаҳои муҳиме амонат ба ӯ супорида шудааст. Ва барои он, ки инсон дар ҷиҳати пешбурди ҳамон ҳадафҳо ва вазифаҳо талош кунад ва онҳоро ба наҳви аҳсан анҷом диҳад, ба шиддат ташвиқ ва таҳдид шудааст.

Вазифаҳои инсоният ва усулу пояҳои убудиятро дар ҷои дигар тавзеҳ дода будем. Дар ин ҷо ҳам ба иҷмол тазаккур медиҳем, то рамзи “Аҳсани Тақвим” фаҳмида шавад.

Инсон бо омадан ба ин дунё бояд аз ду ҷиҳат худоро бандагӣ кунад:

Ҷиҳати якум: Убудият ва тафаккур ба сурати ғоибона.

Ҷиҳати дигар: Убудият ва муноҷот ба сурати хитобӣ ва ҳузурӣ.

 Ҷиҳати якум тасдиқ бо итоат аз салтанати рубубияте аст, ки дар коинот мушоҳида мешавад ва назорат кардан бо ҳайрат ва таъзим бар камолот ва маҳосини парвардигор.

Сипас, панду андарз ва ибрат гирифтан аз осор ва нақшу нигорҳои бадеъи Асмои Қудсияи Илоҳӣ ва пардохтан ба нашр ва таблиғ ва эълони он.

Сипас, ҷавоҳир ва гавҳарҳои Асмои Раббониро, ки ҳар кадом аз онҳо дар ҳукми хазонаи пинҳон аст, бо тарозуи идрок ва ба сират вазн намуда, онгоҳ қадршиносӣ аз самими қалб ва пардохти баҳои он.

Сипас, мутолиаи сафаҳоти китоби мавҷудот ва баргҳои замину осмон, ки ҳар кадом дар ҳукми навиштаҳои қалами қудратанд ва онгоҳ тафаккур дар бораи онҳо бо шигифтӣ ва ҳайрат.

Ва саранҷом, бо нигаристан ва нигоҳи таҳсиномез ба зевари мавҷудот ва ба санъатҳои латиф ва зебое, ки дар онҳост, саъй бар алоқа ва муҳаббат нишон додан ба маърифату шинохти Фотири Зулҷамолашон ва орзу ва талош барои ҳузур дар даргоҳи Сонеъи Зулкамол ва ҷалби таваҷҷӯҳи ӯ ба сӯи худ.

Ҷиҳати дуюм иборат аст аз мақоми ҳузур ва хитоб, ки аз асар ба муассир нуфуз мекунад. Инсон дармеёбад, ки Сонеъи Зулҷалол қасд дорад бо намоён кардани муъҷизаҳои санъаташ худро муаррифӣ кунад ва бишиносонад.

Ӯ низ бо имон ва маърифат лаббайк мегӯяд.

Сипас дармеёбад, ки Рабби Раҳим мехоҳад бо меваҳои ширин ва зебои раҳматаш худро маҳбуб созад.

Ӯ низ дар муқобил бо ҳасри муҳаббат ва тахсиси таъаббуд худро маҳбуби ӯ мекунад.

Сипас мушоҳида мекунад, ки Мунъими Кариме ӯро ғарқ дар лаззатҳо ва неъматҳои моддӣ ва маънавиаш кардааст ва ба беҳтарин шакл мепарваронад.

Ӯ низ дар муқобил феълан, ҳолан ва қолан (бо кирдор, ҳолот ва гуфтор) ва ҳатто агар битавонад, бо тамоми ҳавос ва ҷавори ҳуш, шукр ва ҳамду санои ӯро ба ҷой меоварад.

Сипас мебинад, ки як Ҷалили Ҷамил, кибриё ва камол, ҷалол ва ҷамолашро дар оинаи мавҷудот нишон дода ва нигоҳҳоро ба он мутаваҷҷеҳ мекунад.

Ӯ низ дар муқобил, бо гуфтани “Аллоҳу Акбар” ва “СубҳонАллоҳ” бо ҳайрат ва муҳаббат ва дар тавозӯъ ва фурӯтани сар ба саҷда мениҳад.

Сипас дарк мекунад, ки Ғании Мутлақе бо саховате мутлақ, сарват ва ганҷинаҳои бешумор ва тамом нашуданӣ худро нишон медиҳад. Ӯ низ дар муқобил бо таъзим ва сано дар камоли фақр дасти талаб дароз карда, дуо мекунад.

Сипас пай мебарад, ки он Фотири Зулҷалол сатҳи заминро ҳамчун намоишгоҳе сохта, ки тамоми саноеъи нодир ва арзишманди худро дар он ҷо ба намоиш гузоштааст.

Ӯ низ дар муқобил бо гуфтани “МошоАллоҳ” қадршиносӣ карда, бо гуфтани “БоракАллоҳ” таҳсин мекунад ва бо гуфтани “СубҳонАллоҳ” шигифтзада мешавад ва бо гуфтани “Аллоҳу Акбар” офаридгори онро сипос мегӯяд.

Саранҷом дармеёбад, ки як Воҳиди Аҳад бо сиккаи ғайри қобили тақлид ва бо хотами махсус ва бо турраи мунҳасир ба фардаш дар ин сарои коинот ва бо фармони махсус ба худ, тамғаи ваҳдатро бар тамоми мавҷудот ниҳода ва нишонаҳои тавҳидро бар рӯи онҳо нақш мекунад ва дари офоқ ва атрофи олам парчами ваҳдониятро барафрошта, рубубияташро эълон мекунад.

Ӯ низ бо тасдиқ, бо имон, бо тавҳид, бо изъон, бо шаҳодат овардан ва бо убудият посух медиҳад.

Бале, инсон бо ингуна ибодатҳо ва тафаккурҳо инсони ҳақиқӣ шуда, нишон медиҳад, ки ҷойгоҳи ӯ дар Аҳсани Тақвим аст ва ба юмну баракати имон, лаёқати ба дӯш гирифтани амонат ва халифаи замин шуданро касб мекунад.

Пас эй инсони ғофиле, ки дар Аҳсани Тақвим халқ шудаӣ ва ба сабаби сӯиистифода аз ихтиёр ба асфала софилин рафтаӣ! Ба суханонам гӯш деҳ ва ба ду лавҳаи навишташуда дар мақоми дуюми “Гуфтори ҳабдаҳум” бингар, то бидонӣ, ман низ мисли ту дар рӯзҳои ғафлат ва айшу нӯш ва авҷи ҷавонӣ дунёро зебо ва ширин мепиндоштам. Аммо, лаҳзае ки дар субҳи пирӣ замони маргам фаро расид ва аз мастии бодаи ҷавонӣ ба ҳуш омадам, дидам, дунёи маҷозӣ, ки мутаваҷҷеҳи охират нест, чӣ қадар зишту олуда аст! Ва он дунёи ҳақиқӣ, ки мутаваҷҷеҳи охират буд, чӣ қадар хубу зебост!

Лавҳаи якум: Ҳақиқати дунёи аҳли ғафлатро ба тасвир мекашад. Ман дар гузашта бо пардаи ғафлат, аммо бе он, ки масту сархуш шавам, дунёро чунин дида будам.

Лавҳаи дуюм: Ба дунёи ҳақиқии аҳли ҳидоят ва ҳузур ишора мекунад. Ин ду лавҳаро ба ҳамон тарзи кӯҳна нигоштам, ки бештар ба шеър шабоҳат дорад, аммо шеър нест.

   14 سُبْحَانَكَ لاَ عِلْمَ لَنَا اِلاَّ مَا عَلَّمْتَنَا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ

 رَبِّ اشْرَحْ لِى صَدْرِى وَيَسِّرْ لِى اَمْرِى وَاحْلُلْ عُقْدَةً مِنْ لِسَانِى يَفْقَهُوا قَوْلِى15

 اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلَى الذَّاتِ الْمُحَمَّدِيَّةِ اللَّطِيفَةِ اْلاَحَدِيَّةِ شَمْسِ سَمَاءِ اْلاَسْرَارِ وَ مَظْهَرِ اْلاَنْوَارِ وَ مَرْكَزِ مَدَارِ الْجَلاَلِ وَ قُطْبِ فَلَكِ الْجَمَالِ اَللّٰهُمَّ بِسِرِّهِ لَدَيْكَ وَ بِسَيْرِهِ اِلَيْكَ آمِنْ خَوْفِى وَ اَقِلْ عُثْرَتِى وَ اَذْهِبْ حُزْنِى وَ حِرْصِى وَ كُنْ لِى وَ خُذْنِى اِلَيْكَ مِنِّى وَ ارْزُقْنِى الْفَنَاءَ عَنِّى وَ لاَ تَجْعَلْنِى مَفْتُونًا بِنَفْسِى مَحْجُوبًا بِحِسِّى وَاكْشِفْ لِى عَنْ كُلِّ سِرٍّ مَكْتُومٍ يَا حَىُّ يَا قَيُّومُ يَا حَىُّ يَا قَيُّومُ يَا حَىُّ يَا قَيُّومُ وَ ارْحَمْنِى وَارْحَمْ رُفَقَائِى وَ ارْحَمْ اَهْلِ اْلاِيمَانِ وَ الْقُرْآنِ آمِينَ يَا اَرْحَمَ الرَّاحِمِينَ وَ يَا اَكْرَمَ اْلاَكْرَمِينَ

وَ آخِرُ دَعْوَيهُمْ اَنِ الْحَمْدُ لِلّٰهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ

 

Тарҷумаи кўтоҳи маънои оятҳои Қуръони Карим ва ҳадисҳо

  1. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
  2. Мо одамиро дар некӯтарин сурате биёфаридем. Он гоҳ ӯро фурӯтар аз ҳамаи фурӯтарон гардонидем, (пасттар аз ҳамаи пастҳо, ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки музде бепоён доранд. (сураи Тин ояи 4-6)
  3. Худо ёвари мӯъминон аст. Онҳоро аз торикиҳо ба равшанӣ мебарад.  (сураи Бақара ояи 257)
  4. Шукри Худо барои нури имон
  5. Вале онон, ки кофир шудаанд, тоғут (бутҳо ва Худоҳои дурӯғин) ёвари онҳост, ки, онҳоро аз равшанн ба торикиҳо мекашанд. (сураи Бақара ояи 257)
  6. Худо — нури осмонҳову замин аст. (сураи Нур ояи 35)
  7. Худо бузург аст
  8. Бигӯ: “Агар дуъо (ву илтиҷо)-и шумо намебуд, Парвардигори ман ба шумо қадрдоние намекард. (сураи Фурқон ояи 77)
  9. Дуову илтиҷо кунед Маро, то шуморо иҷобат кунам. (сураи Ғофир ояи 60)
  10. Танҳо аз ту кўмак металабем. (сураи Фатиҳа ояи 5)
  11. … Худо гуноҳонашонро ба некиҳо мубаддал мекунад… (сураи Фурқон ояи 70)
  12. Худост, ки донаву ҳастаро мешикофад… (сураи Анъам ояи 95)
  13. … Худо моро басанда аст ва чӣ некӯ ёварест! (сураи Оли Имрон ояи 95)
  14. Гуфтанд: “Муназзаҳӣ (покӣ) Ту. Моро ҷуз он чӣ Худ ба мо омӯхтаӣ, донише нест. Тӯӣ донои ҳаким!” (сураи Бақара ояи 32)
  15. Гуфт: “Эй Парвардигори ман, синаи маро барои ман кушода гардон.* Ва кори маро осон соз.* Ва гиреҳ аз забони ман бикушой, * то гуфтори маро бифаҳманд. (сураи Таха ояи 25-28)